— Ҳаққу ҳуқуқ доред... Ҳоло ки ман дарбадарам, чаро зери қанот намегиред?
— Одамвор гап зан, ки ман туро ҳимо шавам.
— Ҳа, як модарам шумо ва яки дигар Мастура... Ба бинии ман нигаред!.. Чашматон намегузарад?
— Мегузарад... Ту духтари шўх, гумонам, ки ба нўги биниат ранг молидаӣ, – ба нўги бинии ў даст расонида гуфт пиразан.
– Набераи ман, духтари ман шуда намепурсӣ, ки аҳволат чун аст, аз писаронат хату хабар ҳаст ё не?...
— Падари ман ҳам дар ҷанг, ягон кас аҳволи маро намепурсад.
Вақте ки маро намепурсанд, ман ҳам намепурсам...
— Напурсӣ, напурс...
— Он мардак ҳар рўз сари санг мешинад? – гап дигар кард Сабо.
— Кадом мардак? Кадом сари санг?
— Мардаки ҳо-о он сари санги адир?
— Ҳа, вай – Табар. Кишти дашту адирҳоро бонӣ мекунад.
— Туф-туф, – ба сари дилаш туф кард духтарак. – Ман гумон кардам, кадом дузд ҳаст, ки маро пояд.
— Хавф накаш, вай марди занмурда аст, ҷои зисташ дашту саҳро. Ҳамту бошад ҳам, одами хуб.
— Агар шумо момои ман бошед, ба ман фотиҳа диҳед, ки мўҳтоҷ ва дастнигари касе нашавам, – боз ба дигар тараф рафт ў.
— Магар ту ба ягон сафари дур меравӣ?
— Хо, момо, ба сафари дури бебозгашт...
— Гапҳои туро намефаҳмам...
— Мефаҳмед, ман барои худ бахт меҷўям... ё... Кошкӣ писар мебудам, ки ҷанг мерафтам...
— Хайр, илоҳӣ, дар ду олам рўи хорию зориро набинӣ, – ба роҳ даромадани ўро дида даст ба дуо бардошт пиразан.
— Акнун бовар мекунам, ки шумо момодояи ман, ҳазор раҳмат,
– гуфта духтарак зуд ба тангкўча даромад.
— Ҳўй, ҳу! Куҷо меравӣ?!
— Меравам, момо, меравам, – гуфта Сабо аз чашми пиразан ғайб зад.
«Инро бинеде, як реза ҷонаш дар танаш намеғунҷад» аз паси ў нигарон монд пиразан.
2
Сабо роҳро гум кард. Аз як тангкўча ба дигаре гузашт. Ба ҳавлиҳои бекас, ба боғхонаҳо даромада баромад: дар ягон ҷо нагунҷид
ва пай бурд, ки бо чунин роҳ ба мақсад намерасад. Худ ба худ
хаёл кард, ки дар ягон дил ҷой гирифта наметавонад: беҳтараш,
одамгурез шавад, то касе ўро набинад. Агар рў ба рўяш касе пайдо гардад, ё паси дарвозае ҷо мешуд ва ё пушти деворе мегузашт.





