Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 294 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 294 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Э, ту калон шудаӣ, нашинохтам. Духтари худамро нишинохтам-а...
Гапи кампири Ойша дар даҳонаш, Сабо аз назди ў дур шуд.
Сабо медонист, ки то бегоҳ истад, гапи ин кампири дароз тамом намешавад. Барои ҳамин зудтар аз ў халос шудан хост. Бинии дароз, рўи хароб, абрўвони ба болои чашмони фурўрафта лапаршудаи кампирак дили каси ношиносро ваҳм меовард. Вале кўдакон намедонанд, ки кампири Ойша ба ҳамаи онҳо ҳаққе дорад: ҳаққи момодоягӣ ва қариб ҳаққи модарӣ.
— Сабо, ту надонӣ, ман момодояат будам! – аз паси духтарак хитоб кард пиразан. Вале Сабо нашунида ангошта рафт. «Рафт, ки ту барин қоки мурданӣ нашудам» аз дил гузаронд.
Мазмун, Сабо ягон бор худро дар оина надида буд, вагарна пиразанро «қоқи мурданӣ» намегуфт. Худи Сабо ҳам хушк – пўсту устухон, хароб. Қомати навча дорад. Ангуштонаш ҳам чилбуғум барин. Биниаш теғдор, гўшаш калон, даҳонаш ҳам калон, вале баръакси даҳонаш, дандонҳои сафед-сафеди резаи якқолаба дорад, ки мояндар «мордандон» гуфта таъна ҳам мекард. Дар ҳақиқат куҷое аз узвҳои сару рўяш ба мор монанд. Кас онро пай мебарад, вале аниқ гуфта наметавонад, ки чашмаш, биниаш, рўяш, гардани хароби дарозаш ва ё каллаи хурдаш? Шояд каллаи хурдаш бошад, ки дар зери мўи даққиаш наменамояд. Ё шояд беқарории духтарак ўро ҳамин зайл нишон диҳад.
Сабо рафт-рафту ба пиразан не, балки аз сари девори боғи Раҷаб баргашта, ба ҳайқали болои санг нигарист. Нест. Аз афташ, омадани кампири Оишаро мепоидааст. Духтарак, ки дилаш аз ў ҳаросида буд, ба бари адир, гирду атрофи харсанг, болотари осиёб нигоҳ карда ўро надид ва тозон ба ақиб гашта аз хамгашт тангкўчаро ва баъд аз роғи дарвоза ҳавлиро аз назар гузаронд.
— Эй Эсабо! – овози аҷибе омад.
Сабо як қад парида ба он сў нигашт. Касеро надид, вале донист, ки овози кампири Оиша.
Духтарак ўро дида ғазаб кард, ки чаро номи ўро вайрон гирифта ва масхара карда «Эсабо» мегўяд. Кампирак ҳам аз кори ў хафа шуда сахт гуфт:
— Як реза ҷон дорию гапро гўш накарда меравӣ?!
— Чаро номи одамро вайрон мегиред?
— Ман момодояат...
— Момодояам шумо будаед, ки сияҳбахт шудам...
— Сияҳбахттар шав!... – ғазаболуд ва аламзада гуфт пиразан.
– Қариб ба тамоми кўдакони синну соли ту момо будам, вале ту баринашро надидаам.
— Ҳазор раҳмат гўям, аз шумо халос мехўрам?
— Раҳмати ту ба ман чӣ лозим? Ман баробари модарат ба ту ҳаққу ҳуқуқ дорам.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан