Чизе аз гулўяш гирифт, ки пас-пас рафт. Пеши чашмони аз бемадорӣ ва ваҳму ҳарос сиёҳизадааш сурате монанд ба модарандар аз ошхона баромада, аз гулўяш сахт гирифт, то хафа карда кушад. Беихтиёр бо панҷа гулўяшро дошт. Аз айвон фаромад ва то таги дарвозахона тохт. Боз дарвозаро қуфл дида, ҳаросид. Аз садои ба дарвоза бархўрдани кафи дасташ ба худ омада пай бурд, ки ҳамаи ин фиреби хаёл аст. Аз чоки гиребони куртаи карбос барои рафъи ҳарос ба сари синааш туф-туф кард.
Сабо рўи боми оғил баромад. Ба ҳавлии ҳамсоягон нигарист.
Ягон чиз диққаташро набурд. Ҳама чиз ба назараш бетафриқа, якранг ва якнавохт намуд. Вале вақте ки пиразани нотавону долсуратро дид, ки муштаке бар дўш аз осиёб баромад, чашму ҳушаш ба ў равона шуд. Пеши назараш нодории одамон, замони қаҳтӣ ҷилва кард. Ў боз марди пурраро дид, ки бо маркабаш ҷуволи гандум ба осиёб биовард. Инаш алам ва нафрати ўро ангехт. Турфа касон, ки аз нодорон дошта пинҳон карда хўранд. Ин мард ҳам гузашт.
Пиразан ва мардак аз пеши назари духтарак мисли солҳои каҳтӣ ва монанди солҳои серию пуррӣ даргузатанд.
Чизи дигаре диққати ўро ҷалб кард: ҳо-о он мард, ки тори харсанги танаи адир нишаста, ба духтар менигарад. Духтарак хаёл дорад, ки ўро мепояд: «Ў маро дузд гумон кунад...»
Духтарак беихтиёр рўи бом нишаст. Пойҳо зери худ ҷамъ кард ва зонувон бо домони курта пўшида, чашм аз марди сари санг намеканд. Ба назараш мардак нафас накашида менишаст, гўё болои санг санг бастааст. Ў доман аз рўи пой бардошта, ба зону нишаст ва гардан ёзонд, то ўро хубтар бинад. Нашуд. Бархост.
Рўи нўкчўбӣ омад. Боз ба он тараф нигарист ва онро ноҷунбон дида рўяш нишаст. Пойҳояшро овезон кард. Шикам бар нўкчўбӣ партофт. Бо ду даст аз нўкчўбӣ дошта кашола шуд ва боре ба таг нигариста маймунвор худро ба замин партофт. Баъди ин сари девор ва нўкчўбӣ барои Сабо роҳ шуд.
Сабо ба хулосае омад, ки шояд дар рўи санги азим одам не, балки уқобе нишаста, то мореро хўрад. На, ноҷунбон. «Ба ту чӣ бадӣ кард, ки ин қадар меҳаросӣ?» ба худ савол кард Сабо ва пас-пас рафта пушти дарвозахона гузашт. Ва худ ба худ он касро фиребхўрда пиндошта хандида ба тангкўча даромад. Сангҳои сиёҳи девори дарози тангкўчаро даст-даст карда рафтан гирифт.
Аз пеш кампири Ойша баромад.
— Уҳў, духтари кӣ мешавӣ? – чашмонашро танг карда ва зеҳн монда пурсид пиразан.
— Духтари Иззат! – номи модарашро гуфт духтарак.
— Э-э, ту Сабо ҳастӣ?
— Ҳа.





