Ҳамроҳи бозоракиҳо равад. Аниқтараш, ҳамроҳи Наврўзбибӣ, ки баъзе анҷомҳои рўзгорро ба бозор бурда, фурўхта, ба ивазаш рўзии кўдаконро муҳайё месохт ва мушкили чанд занаки бемардинаро низ осон мекард Наврўзбибӣ савор ва Сабо пиёда се фарсанг роҳро тай карданд, вале дар ин тўли роҳ Сабо аз оҳанги баргаштанаш ба занак лаб накушод. Ў аз пои хар намонам, гуфта гоҳ медавид ва гоҳе қадам мезад. Наврўзбибӣ низ ба хаёли худ банд буд. Кадом кораш буд нашудагӣ барин зуъм карда мерафт ва ҳар гоҳ ки ғазабаш боло гирифт, «шартӣ» ба гардани хар халачўб мезад: ҳам худ, ҳам маркаб ва ҳам Саборо ҳушёр карда мемонд.
Вале хар ўро аёл дониста, нописандона гаштро суст мекард, занак пурғазаб шуда бар фарқи сари хар мезад. Хари аз зарбҳои зиёди халачўб «обсар» шуда баробари боло шудани халачўб, сар хамида ва қариб фўк ба замин расонда, чашм нимпўш, гўё дар хоктўда ғел задан хоҳад, дар ҷои худ ҷувозак мегашт. Вале Сабо аз ин «консерт» чизе намефаҳмид, сабаби ғазаби занакро намедонист, аммо ҳолату «рақс»-и маркабро медид. Гумон мекард, ки ҳамин хел бояд шавад.
— Ту худат куҷо рафта истодаӣ, Сабо? – тамоми гапи раҳораҳ ғун кардаашро чу заҳр пошид занак, ки гўӣ дар роҳи тўлонӣ духтаракро ҳоло дида бошад.
— Ба куҷо мешуд? Ба деҳа! – худро гум накарда ҷавоб дод Сабо, ки нафасаш якка шуда буд.
— Медонам, ба деҳа, лекин ба хонаи кӣ?
— Ба хонаи кӣ мешуд? Ба хонаи худамон!
— Чӣ, хонаи шумо ҳоло ҳам дар он ҷо?
— Магар шумо ягон бор аз назди он нагузаштаед? Хонаи мо дар рў ба рўи осиёб...
— Не, ман дар ин солҳои наздик ба осиёб нарафтаам... Медонам, ки баъди кўчида рафтани шумо он ҷо духтурзанак Зоя мешишт...
— Зоя мешишт, вале ў ҳам ба ҷанг рафт...
Наврўзбибӣ сари харро ба тангкўча гардонд ва ба Сабо «хайр»
гуфту рафт. Сабо аз ў ҷудо шуда сўи ҳавлиашон роҳсипар шуд. Ў аз занак хафа шуд, ки ақаллан «ба хонаи мо биё» нагуфт, чунки сабабашро намефаҳмид. Дарвозаашон қуфл ва ҳавлӣ хомўш буд.
Ва аз рў ба рў садои оби шовахонаи осиёб меомад. Об сап-сафед ҷорӣ буд, вале чарх ва санги осиёб хоби хирсона доштанд.
Сабо калид надошт, то қуфли дарвозаро кушода дарояд, аз сари девор гузашт ва баъди андаке фурсат ва мулоҳиза дарк кард, ки ҳавлӣ мисли мазор сокит аст. Ў дар ҳамин ҳавлӣ таваллуд ёфта, калон шудааст, вале бори аввал онро ба ин ранг ваҳмангез мебинад. Сабо худро дар ин ҳавлӣ соҳиби мутлақ не, балки ғариб ва танҳои зор дарёфт. Аз саҳни сўхтаю бегиёҳи ҳавлӣ ба айвон баромад. Дилаш танги танг шуд. Хеле ҳайратзада истод, магар барои худ манзили хуб меҷуст, ки дари ошхонаро кушод.





