Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 291 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 291 аз 470 · 3 ноябри 2026

Зани шаттоҳ милисаро ҳам муттаҳам кунад, гуфтанд. Ў шунид ва ҳар гоҳ афсона ёд оварда дилашро сабук мекард. «Аз моиндар ҷои гила не» дил тасалло медод. Дашном паси сар мекард ва шаллоқ ҳам. Ба падараш гап намезад, то хафа нашавад ва медонист, ки милиса занашро нағз мебинад ва гап суде надорад. «Муросо кунед, миёни дўсту душман» мегуфт. Дили Сабо аз падараш низ монд. Вале чун падар ба аскарӣ гирифтанд, гуморид ҳама чизро гум кард. Инак барои худ роҳ ҷуст ва фикр карду пиндошт, ки ягона каси наздик модарандар бояд шавад. Занак саройбон шуд ва омаду рафти одамон ба сари зании ў вазнинӣ кард. Рўз то рўз модарандар дигаргуна мешуд ва дам ба дам алағда мегашт.
Вале Сабо сабаби алағдагии ўро намедонист ва пай намебурд.
Ба ҳар ҳол «хафа нашавед, оча, додом баргашта меояд» гуфта занакро тасалло додан мехост. Аммо гапи ў ба гўши занак чун садои хомўшак ғашовар мерасид. Сабо бисёр мехост, ки моиндар ба суханони ў меҳрубонӣ кунад, вале баръакси кор мешуд. Сабо дарёфт, ки занак ўро бад бинад. Дар ин ҷо буданашро нахоҳад.
Вале сабаби асосиро намефаҳмид: намефаҳмид, ки зани падари ў аз шавҳари якум ранҷидааст ва марди дуюм ўро ноумед кард.
Фишори зиндагӣ ва боз ба болояш ду баччаи шавҳари дуюм ўро ба танг хоҳад овард. Ва аз ҳама нохубаш духтари калон будани Сабо, ки шояд ба баъзе кирду корҳои рўзгору одамӣ ақлаш давад.
Шояд ба шину хези Мастура халал расонад. Ва шояд, ки Мастура бо мардон кушоду равшан гап задан хоҳаду аз Сабо бим кунад.
Ба ҳар навъе алағдагиашро худаш донаду бас. Ў аввал ба Сабо ҷигот гиронд, баъд талху пичинг гуфт, таъна зад ва сонӣ ба шаттаю шаллоқ гузашт. Сабо тоқат мекард, хориаш омада дар буни девор навҳагарӣ мекард. «Додоҷон-додоҷон, биё, ки хорам кардӣ, биё, ки зорам кардӣ!» дилоб мешуд. Билохир тоқат накард. Дили оби ўро чизе бардошта наметавонист. Чанд бор даҳан пур кард, ки афсонаи модаркалонашро ба модарандар гўяд, вале худдорӣ кард. «Падарам баргардад, ҳикоят мекунам» гуфт. Баъд то карахш бастан захми рўи биниаш сабр кард. Карахшро канд, вале паяш монд. Пайи кабудча.
Ҳамаи ин як тараф: Сабо гумон кунад, ки ягон чизи азизаш дар хонаашон мондааст. Чиз не, касе: падараш ҷанг меравам, гуфта онҳоро фирефта ба деҳа баргаштааст. Модараш низ онҳоро фиреб кардааст. Ў намурдааст, шўхӣ карда, онҳоро фиреб додааст. Ҳар дуяшон баччаҳоро фиреб дода дар деҳа хушу хурсандона зиндагӣ доранду кўдакҳо дар азоб. Гумоне, қиссаи «Модарандар»-ро намедонанд. Ана акнун ў рафта афсонаи модаркалонро ба онҳо ҳикоят мекунад. Сабо аз дасти модарандар нагурезад, балки ба хонаи худашон, назди падару модараш равад. Ҳамин хел хаёл карда, ҳамин хел ба кадом ояндаи дурахшон умед баста равад ў.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан