гуфта муштҳо ба банди дил мезаданд ва баробар ним қадам ба паҳлу ниҳода садр мерафтанд.
Ва ин давра соатҳои зиёд давом мекард, то даме ки монда шаванд; мегуфтанду муштҳо ба банди дил мезаданд:
Ҳомид бирезонд хуни Мир,
То ки шавад шоҳу амир,
Неъмат, Қурбону Замон,
Якмарг аз тири камон.
Ҳа-ҳуууй-ҳа…ҳэ!
Офтобхони бенишон
Рафта зи пушти аскарон,
Ҷонаш ба азроил супурд,
Хуни бародар дар даҳон.
Ҳа-ҳуууй-ҳа…ҳэ!
Мардони деҳа мурдаро хок карда омаданд, вале касе надонист, ки он ҷасад мурдаи кӣ буд…
Соли 1974
САБО
Ў ду афсона медонист. Яке бофтаи худаш, ки касе аз он огаҳ набуд. Ва дигаре афсонае, ки бобо ҳикоят карда буд. Баъд на ин монду на он.
Сухан аз ин боб аст.
Чингиз Айтматов («Киштии сафед»)
1
Назири сиёҳ баъди як соли фавти занаш ба маркази ноҳия кўчид. Милиса шуд. Милиса шудан баҳона буд. Аслан барои занак шуда рафт. Вале ин тарафи кор барои дигарон торик. Ў
– милиса.
Дар он солҳо милиса шудан дар байни омиён номи баланд, бообрў, боэътибор ва аз ҳама зиёд номи басиёсате ва босалобате буд. Ва ин кору ин ном барои Назири сиёҳ барин марди даҳонкалону забондароз ва шукўҳманду савлатдор мувофиқ афтод. Ў аз маркази шаҳр Мастураро зан гирифт ва саройбон ҳам шуд.
Сарой барои оилаи ў ҳам хона ва ҳам ҷои кор буд. Вале ҳар ду кори кардаи ў барои духтараш Сабо маъқул наафтод. Сарой барои он маъқул набуд, ки одами бисёр омада мерафт. Ва баъди рафтани бозоракиҳо рўбучини таги пои хару аспҳо ва бардоштану бурда партофтани пору ба зиммаи духтарак афтод. Ва боз барои он, ки мардони даҳонбефаровез харҳоро «ҳар-ҳар» бозӣ доронда, ҳар хел гапҳои беҷо мегуфтанд. Зан гирифтани падараш барои он писанд наомад, ки чӣ кас будани модарандарро аз афсонаи модаркалон хуб медонист: «Моиндар духтарандарро ба ҷўгӣ фурўхт». «Моиндар писарандарро ошиқ шуд». «Моиндар ба гўши духтар симоб рехта кушт»... Аз ин рў, духтандар аз рўзи азал нисбат ба модарандар дар дил як кина дошт. Сабо ин афсонаро хуб дар ёд дорад, вале ба ягон кас даҳон намекушояд, то падари меҳрубон фаҳмида хафа нашавад. Вале ягон вақт шароит даст диҳад, ба худи падараш мегўяд. Сабо ҳар вақт ба худ мегўяд, ки аз модаркалонаш ҳамин кадар мерос мондааст, агар ў зинда мебуд, барои Сабо чӣ хуб буд: ба деҳа баргашта ҳамроҳаш зиндагӣ мекард. Биму ҳарос надошт ва ҳатто хаёли аз чашми мардум дур буданро ҳам намекард. Балки падар ҳам дар пеши назараш дигар намешуд: Назири сиёҳ дар умраш акнун зан дидагӣ барин ё зани мувофиқи табъаш ёфтагӣ барин ҳар чӣ ў гўяд ва ҳар коре кунад, маъқул медонист. Ин зайл занмиҷозу занкалон шудани як марди ғаюр алам ва нафрати Саборо овард. Пургўии занак, берўии ў, беандешагӣ ва носипос буданаш ҷони Саборо ба лаб овард.





