Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 289 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 289 аз 470 · 3 ноябри 2026

Гўё ин хоб аст, ки Азиз Тахмин дар пушти аспи луч савор шуда, касеро бо худ барад. Ва пагоҳ рўз шаваду мардум таъбири хоб бигўянд: «аспи луч – тобут».
Онҳо ба деҳа дохил шуданд. Офтоб ҳам фурў рафт. Забур ба ў расида пурсид: «Мурдаро куҷо барӣ?» Азиз Тахмин ҷавоб дод:
«Мурда мурдаи ў нест!»
Пас Забур пеш гузашта аз лаҷоми аспи ў дошт.
— Кордор нашав! – фармуд Азиз Тахмин.
— Чӣ хел кордор нашавам? Ман маҳрам ё ту?
— Ба назарам худат дидӣ, ки ту маҳрам ё ман?.. Ман тўй карда натавонистам, мон, ки мурдаашро обрў кунам...
Забур мумсик, гўӣ чунин хоҳишро нигарон бошад, баҳсро кашол надода, сари асп сўи ҳавлиаш гардонд...

19

Деҳаро фарёду шевани зане аз хоб бедор кард. Ба фиғону нолаи зан як овози норасои писарбаччае хамроҳ шуд, ба дили мардуми хоболуд раҳму шафқат гуфтанӣ чизро ҷо кард. Ин нола аз поёни деҳа сар шуд ва то мардум аз хоб хестанд, ки то миёнаи деҳа омад. Ҳанўз субҳ рўшноӣ накарда буд. Ва навҳагарон ҳам надонистанд, ки шаб то куҷо расида. Мардуми деҳа ёфт шудани мурдаро донистанд, вале дар ин ғояти шаб, ин қадар бармаҳал овоз баровардани касеро ёд надоранд.
«Хоҳарам, хоҳарам, садбарги серобам, хоҳарам!...
Хоҳарам, во хоҳарам, номуродам, хоҳарам!!!»
Баробари занак нолаи ҷонхарош баровард писарбаччае. Деҳотиён аз ин овоз кӣ будани навҳагаронро шинохтанд: муайян карданд, ки ин овози Маҳбонуст. Ин овозҳо то ҳавлии Азиз Тахмин омаданд ва он ҷо овозҳои зиёде ҷўр шуданд. Садоҳои зиёди мардону занон баромад, ки ҳар кадом дарди худро гуфта дил холӣ кардан мехост. Овозбарорӣ новақт сар шуд. Гўяндаҳо як гапро такрор ба такрор гуфтанд... Ниҳоят як лаби осмони машриқ сафедӣ кард. Мардум Маҳбонуро парешонмўй ва харошидарўй диданд. Вале Шаҳбонуро касе надид. Фақат мурдашўйҳо ўро дида аз сару рўи варамидааш нашинохтанд, ки ў кист. Шаҳбону аст ва ё Қурбонбибӣ. Ба ҳар ҳол ғуслаш доштанд, кафанаш пўшонданд, баъд ба тобут андохта бурданд.
Занҳои деҳа боре дар мурдаи пири деҳа Калонхон ниҳоят сахт ҷаҳр андохта, садр рафта буданд. Имрўз ҳам ҳамон чизро такрор карданд. Давра гирифтанд, ду зани гўянда байни давра даромада рўёрў истода ба гуфтор омаданд: «Бо-бо-калон-ҷо-нама но-машон, ҳэ!» ҳиҷоҳоро кашол дода ва пири деҳаро ёд оварда гуфтанд онҳо ва дастҳо сари сина зада, ҷой иваз мекарданд гўяндаҳо ва даврагирифтагон «Ҳа-ҳуууй, ҳа…ҳе!»

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан