Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 288 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 288 аз 470 · 3 ноябри 2026

Азиз Тахмин аз гирдоб гузашта, ба камар наздик шуданӣ буд.
Асп саркашӣ кард. Мардак аз рафтори асп хавферо пай бурд, ки арақи сард баровард ва лаҷоми онро сахттар ба тарафи камар тофт. Асп яке даҳан кушода аз об берун ҷастан хост, натавонист.
Ба об фурў рафт ва зуд рўи об баромад. Аз боло фарёд мезаданд.
Азиз Тахмин гумон кард, ки ба гўши асп об даромад; кори асп шуд. Инак навбати ўст. Ҷонвар чизеро пай бурда ба камар наздик шуд ва пойҳо ба рўи санге қарор гирифта, бозистод. Азиз Тахмин мўи сиёҳи даруни обро дид. Ў хам шуда «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим» хонда, ба қадди мўй даст бурд, дасташ ба чизи нарме расид. Пас ў аз мўй дошта кашид, дастаи мўй канда шуда ба дасташ омад. Қабзаи мўйро рўи ёли асп монда аз нав даст андохт ва яқин кард, ки он ҷо ҷасад дар мондааст. То тавонист даст дароз кард ва даст аз таги шиками мурда андохта бардошт.
Ҷасад рўи об баромад. Камарчаи курта ба як чукка андармон шуда, ҳоло ҳам медошт. Азиз Тахмин аз камарча дошта онро аз санг раҳо кард ва дид, ки мурда бараҳна аст, либосҳояш пўсида ва об бурдааст. Танҳо ҳамон камарчаи сахт боқӣ мондааст. Азиз Тахмин аз камарча дошта сари аспро гардонд ва ба мардум ишора кард, ки аз сари камару бора гурезанд, дур шаванд. Баъд ў сари аспро бар муқобили ҷараён тофт. Асп гардан ёзонда ва гўшҳо аз об эҳтиёт карда, бо зўрӣ обро чок карда, пеш рафт. Мурда мисоли моҳии азиме дар паҳлўи асп кашола мерафт. Азиз Тахмин парешон буд, ки камарчаи гардани ў канда нашавад. Ў мурдаро ба соҳили муқобил баровард. Ва фарёд зад, ки ягон чиз партоянд, то ҷасадро печонад. Ҳафиз мисли барраи навзод, ки ба оби сард афтода бошад, дир-дир меларзид, пули хиштиро гузашта, ҷомаашро кашида, ба падараш партофт. Аз ин кор Забур ор карда, асп монда аз пайи Ҳафиз ба он тараф гузашт ва шолчаи болои зини аспашро гирифта ба пас ҳаво дод.
Азиз Тахмин шолчаро гирифтан нахост, вале дид, ки ҷомаи писар ҷасад напечонд, аз зарурат бо шолча ўро печонд ва ҷомаи Ҳафизро пушти асп андохта, хам шуд, ки мурдаро бардорад. Ў зўр зада онро бардошта пушти асп гузошт ва худ боэҳтиёт савор шуда, инон ба чап тофт. Асп обзада шуда ва ё бўи шунида, хўсид; пои гашт боздошт. Баъд чун савор бо ду зону паҳлўҳои онро фишурда, ҷилав зад, худро ба об андохт ва ин дафъа асп чандон азоб накашида бо ёрии об зуд ба он соҳил гузашт. Боз мардум ҷамъ шуда буданд. Азиз Тахмин аз об баромад, вале аспро надошта ва ҳатто тангу пуштанги аспро ҳам накашида ва аз соҳибаш напурсида рост ба сўи деҳа ронд.
Гоҳ ки ба миёндаштӣ расиданд, офтоб мисли чашми хунгирифта аз канори охирини уфуқ нигоҳ мекард. Вай тамошо мекард, ки мардум як мурдаи бесоҳибро баранд ва касе аз паси он нолаю шеван накунад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан