Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 287 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 287 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ҳафиз қабзаи мўйро аз дасти мардак гирифта дергоҳ нигарист.
Атрофиён гумон карданд, ки ў тамошо дорад, яке диданд, ки ҷавон ба қабза нигоҳ карда, гиряд. Ў овоз бароварда натавонист.
Вале дарун-дарун мегирист. Ҳамин вақт касе якбора асп монда, аз назди онҳо дур шуда, сўи деҳа рафт ва оби чашми Ҳафиз хушк нашуда баргашта омад.
— Хабар додам, ба тағояш хабар додам!– аз асп нафаромада гуфт ў.
— Туро кӣ оқсақол кард, ки ба тағои ў хабар диҳӣ? – дод зад Азиз Тахмин.
— Чӣ хел оқсақол? – ҳайрон шуда пурсид ҷавон ва ба суханаш ҷавоб нагирифта, чанд савори дигар аз пас расида омаданд. Байни онҳо Забур ҳам буд.
Ҳафиз қабзаи мўйро рўи дастон дошта, як баданаш ларзид ва фарёд зад:
— Не, ин мўи ў нест!.. Мўи ў сиёҳ буд!..
— Хап ист, бачем, мўи мурда ҳамин хел мешавад, – наздик шуда ба гўши писар хонд падар.
— Маро фиреб надиҳед, додо, ў намурдааст!.. Ў набояд мурад!
— Рост, гапат рост, бачем, ў намурдааст, – маънии гапи писарро сарфаҳм рафт падар.
Амадчӣ дид, ки рўз рафтан дорад, ба мардум муроҷиат кард:
— Соҳиби мурда кист?
Забур лом нагуфт. Азиз Тахмин барои он ки писари нокомаш ба балое гирифтор нагардад, худдорӣ кард.
— Ман вақт надорам, роҳам дур, соҳиби мурда кист?–боз пурсид марди обдон.
— Мо,– базўр овоз баровард Забур.
— Бародар, шумо, ки соҳиб бошед, шарташ ҳамин: як гов, панҷ гўсфанд, панчсад пул. Розӣ бошед, мурдаро барорам...
— Кӣ зулм кардааст, ки барои як мурда ин қадар хароҷот кунем?
— Ихтиёр шуморост, – гуфта амадчӣ амад баргардонда ба об андохт.
Азиз Тахмин назди писари Замонбой рафта хоҳиш кард, ки аспи сиёҳмушкинро ба ў диҳад. Писари Замонбой Даврон аз асп фаромада аспро ба ў супурд. Азиз Тахмин тангу пуштанги аспро канда, пуштлуч кард ва худ ҷуз эзор ҳама либос кашида лаҷоми аспро сўи рўд гардонд. Аз болотари лаби рўд аспро ба об андохт ва бо равиши он инони аспро суст кард. Асп то гўш ба об фурў рафт. Аз нав дар сари камару ҷар одамон чиғ шуданд.
Дили Ҳафиз ба тахтапушт ва ҳам ба сари синааш сахт-сахт мезад. Ў меларзид, «як бор халос хўрд, ин дафъа чӣ мешуда бошад» – аз дил мегузаронд ў.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан