Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 286 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 286 аз 470 · 3 ноябри 2026

Сипас зери лаб ояте хонда, даст ба рўй кашид ва хештан бар об андохт. Ба ҷои ў ҳубобчаҳое рўи об баромаданд ва худи ў даруни об гум шуд. Чунон дер рафт, ки ҳама гумон карданд, ғарқ шуд ва дигар ҳеҷ гоҳ рўи об набарояд. Умед канданд. Роҳгузарҳо дер шуд гуфта, рафтанд. Ҳафиз лаҳза ба лаҳза ба падар менигарист, ки обдон низ нобуд шуд. Вале падар, ки муддатҳои зиёд зери об гаштани ин авлодро медонист, ба бозомаданаш умед баста, писар ором мекард: «Парешон нашав, бачем, Эшони обдон меояд». Яке об лаппида, поёнтар аз амад тани бараҳнае рўи об баромад. Ў оби сару рўй бо кафи даст виреҷид ва зонувон ба ҳам ҷафс карда, сўи онҳо нигариста, сар ҷунбонда ва дастонашро ба ду тараф боз карда, фаҳмонд, ки муроде ҳосил нашуд. Вале ҳама, гўӣ ки ишораи ў бовар накарда, сукут варзиданд. Марди обдони монда ва хаставу лакот гашта ноҳол рўи амад нишаст, то дам гирад. Каме нишаст, баъд ба тахтапушт дароз кашид. Одамони умедканда ягон-ягон мерафтанд. Вале Азиз Тахмин нигарон буд, ки ў барояд, то барои кулфати додааш узру маънӣ бикунад. Пас аз фурсатҳо амадчӣ сар бардошта нишаст ва чашм давонда дид, ки одамон рафтаанд. Фақат Азиз Тахмин ва чанд нафари дигар умед накандаанд. Пас ў каме сар хам карда, дуру дароз ба гирдоби поёни пул чашм дўхт. Об гирд мегашту гирд ва баъзан мисли як гулдон чуқурчае пайдо шуда ва зуд гум мешуд ва боз ба назар об ҳамвор шуда мерафт: «Даҳана». Ба сараш зад. Марди обдон дида ба канораҳои сангӣ ва камари рўдбор давонд. Нигоҳашро паст бурду боло овард. Яке ба назараш расид, ки чизе мисли сори сиёҳ боре рўи об баромаду боз фурў рафт. Дигар нанамуд. «Ба чашмаш намуд». Худро тасалло дод. Нигоҳ ба дигар тараф давонд; сўи Азиз Тахмин нигашт, вале тоқат накарда боз ба камар нигарист, дуру дароз нигарист. Боз ба чашмаш намуд, ки об як пораи каманди сиёҳро болою поён мекунад. Ў бархоста либосашро пўшидан гирифт ва ҳар либосеро, ки пўшид, ба сўи он чизе, ки ба назараш намуд, менигарист. Яктакашро ҳам пўшид; баъд амад ба об сар дода, аз таваккул сўи камар ронд. Амад ба камар наздик омад. Ва ў андаруни оби лоҷувардӣ як даста сунбули сиёҳро дид, ки гоҳ болои об барояду гоҳе фурў равад. Чизи дигаре намоён набуд. Вай чанг андохта кашид. Ба дасташ як қабза мўй омад.
Ҳайрон шуд ва амадро ба канораи сангӣ ҷафс карда, хуб зеҳн монд ва амадашро гардонда, ба соҳиле, ки Азиз Тахмин ва чанд одами навомада меистоданд, равон шуд. Ў ба соҳил нарасида мардум ба пешвозаш фаромада буданд. Ба рўи ў сурхӣ дамида буд. Ҳамин ки лаби амад ба соҳил расид, ў пой ба хушкӣ ниҳода қабзаи мўйро ба Азиз Тахмин нишон дод.
— Рост? Аз ростӣ? – хурсандӣ карданӣ шуд Азиз Тахмин чу ақлбохта, вале дар паҳлў писарро дида авзояш дигаргун гашт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан