Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 285 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 285 аз 470 · 3 ноябри 2026

Азиз Тахмин аз баландӣ нигоҳ карда, кӣ будани амадчиро шинохт ва даст гардонда, фарёд зад:
— Эшон, эшон!– Ў бо чунин рафтор фаҳмондан хост, ки ўро хуб интизор шудааст ва инак аз ў ягон хабар шунидан хоҳад.
Эшон аз паст ба ў даст афшонд. Амади ў мисли пири барҷомонда хаёле ҷунбида пеш меомад. Азиз Тахмин арақи пешонӣ пок карда ва каме қомат хамонда, даст болои чашм лапар карда нигарист ва сабру тоқат аз даст дода боз фарёд зад;
— Нишоне ҳаст?!
— Ааҳ?! – дар садои об чизеро нашунида, пурсид, то ў чӣ гўяд?
— Наёфтӣ?! – ба ишораи даст боз пурсид Азиз Тахмин.
«— Не-не!» – боз ба ишораи дасту сар ҷавоб гардонд амадчӣ.
Ҳафиз, ки то ин вақт бо умед қатори падар гашта, сад бор зиёд аз ў азоб мекашид ва ҳар лаҳза дилаш танг гашта, дарун-дарун месўхт, сахт умедашро канд. Ҳарчанд имрўз аз андоза зиёд гарм буд ва пеши назари ў падар шашқатор арақ карда буд, бадани ў як арақи сард баровард ва баъд аз насими рўд хунук хўрда танаш фарошо гирифт. Чанд бор ларзид, вале сир бой надод. Паҳлўи падар истода ба боло рафтани амади обдон нигоҳ мекард. Азиз Тахмин ҳар гоҳ баргашта ба писар менигарист, ки дар ҳолатҳо чӣ ранг гирад. Чанд рўз аст, ки дар ҳолатҳои гуногун ранги рўи писар падарро тарсонад; зеро парида ва заҳир тобад. Аз ин нигоҳ падар тарсид; дид, ки писар ларзад. Аз дасташ дошта андаке қафо кашид: «Қафотар ист, бачем, оби равон чашми касро барад». Ва баъд оҳиста-оҳиста ба суръати амади ў гўё ба муқобили ҷараён рафтанд. Аз интизории зиёд дили Азиз Тахмин ба танг омад; «Эшон!» гўён садо дардод ва даст гардонд, то боло равад. Ва худ аз дасти писар гирифта, ба сари Дупула рафт.
Дар сари Дупула одамони шиносу ношиноси зиёде фаро омада буданд. Роҳгузарон ба чӣ маънӣ будани ин ҷамъомадро донистанӣ шуда меистоданд ва пурсуҷў карда, анҷоми воқеаро нигарон мешуданд. Аз деҳа ҳам одами зиёд омада буд. Баччагони кунҷкоб ин «ҳангома» шунида, чу селоб сўи Дупула рехтанд. Онҳо тохтаву пешгузарак омаданд. Чун ба сари пул расида ҳоли парешони Ҳафиз ва қиёфаи ноҷўри Азиз Тахминро диданд, якбора дамбадарун шуданд. Пас бехи ғўтҳо ва лаби камарҳо ҷо гирифта, интизори хабари обдон гаштанд.
Амадчӣ мисли сагобӣ, ки дар хушкӣ гардад, ҷунбида-ҷунбида то зери пули чўбӣ рафт ва аз шахи «ҷазирача» тоб хўрда, бо рафти ҷараён зери пули хиштӣ омад. Ў амадро дар хушкии лаби рўд монда, яктаки сафедашро кашид, куртаашро ҳам. Пас эзори алочаро нифа зада ва почаҳои онро то рон бар зада, панҷа ба об тар карда, ба соиду бозувон ва сари китфҳо молида, пой даруни об ниҳод.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан