— Не бачем, ба ҳар эҳтимол...
— Не, додо... ў мурдааст, вале шумо руст мекунед. – Гиря гулўгираш кард ва дигар пурсуҷў накарда, сар ба сари дили падар монда, гирист.
— Чаро гиря мекунӣ? Мардон набояд гирянд. – Сари ўро сила карда гуфт падар.
— Додо, ин чиз мардию... номардӣ надорад, – ҳиқ-ҳиқ гирист Ҳафиз.
Азиз Тахмин ба гапи писараш ҷавоб нагуфта, сару гардан, тахтапушт ва нармаи гўшҳои ўро молида, бо навозиш ором карданӣ шуд. Дам ба дам дилаш мехост, ки сари ўро сахттар ба банди дил пахш кунад, вале худдорӣ мекард. Дар ҳамин ҳолат ҳам писарро сахт мегирифт ва намехост, ки аз ҳад зиёд аз худ равад.
Ҳуқуқи падариро аз навозишҳои модарӣ фарқ кунондан мехост.
Вале дили ў бар хилофи ирода ўро такон медод, ки сари писар сахттар пахш карда, меҳри падариро ба ў фаҳмонад... Баръакси ҳол Ҳафиз аз ҳаячону даву тоз номураттаб тапидани садои дили падарро шунид. Лаҳзае дам ба дарун гирифта, гўш андохт ва дар тўли нуздаҳ сол аввалин бор зарабони дилро шунид. Тапидани дили падар ба хотири ў садои гашти санги осиёбро овард, ки як вақтҳо ҳамроҳи падар осиёбонӣ карда, шабҳо нимхобу нимбедор чунин садоҳоро шунида буд. Ва онро беҳтарин садои зиндагӣ медонист, ки мисли аллаҳои модар касро навозиш карда хобонад, вале тапидани дили падар ўро ба изтироб андохт. Ў боз сар ба банди дили падар ҷафстар кард.
Модар аз дари хона берун шуда, падару писарро дар чунин ҳолат дида, тоб наоварда хориаш омад ва баргашта даромад.
Азиз Тахмин сари писарро байни дастон гирифта, аз сари дил каме дур кард ва пеши чашмонаш дошта, ба сару рўи ў нигарист ва баъд аз ду китфаш дошта ларзонд:
— Бачем, худатро бой надеҳ. Пагоҳ ё фардо ҷустуҷў мекунем.
Агар обдон наёбад, маълум мешавад, ки зинда аст... Зинда бошаду туро дўст дорад, ба ҳар роҳ ёфта мегирад. Вагарна ҳозир даву тоз як пул. Худатро эҳтиёт кун, бачем...
Рўзи дигар Азиз Тахмин қад-қади обрави деҳа нишеб шуда, санглохро гузашта, бо роҳи калон сўи Дупула рафт. Ҳафиз ҳам аз паси ў кашола шуд. Ва мардуми деҳ, ки гап-гапи обдон овардани онҳоро шунида буданд, ягон-ягон дилсўзон, ҳангомаҷўёну тамошохоҳон сўи Зарафшон шуданд. Азиз Тахмин аз пагоҳ то нисфи рўз лаби камар нишаста, пайдо шудани обдонро нигарон истод.
Гашти рўз дар тангнои пасттари Дупула амаде намоён гашт. Бар он марде савор буд.





