Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 283 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 283 аз 470 · 3 ноябри 2026

Пай бурд, ки дарди писар сахт аст, илоҷе пайдо карданӣ шуда, барои маслиҳат назди зан даромад. Ҳафиз ранҷид, ки падар дар чунин ҳолат ба ў маслиҳате надод. Ў бемадор лаби марзаи айвон нишаст ва сархам ба сукут рафт. Хаёлаш ба ҳар ҷо рафта, авзоъ дигар мешуд. Андарунаш ғалаёну ғавғо мешуд ва ў хаёлан бадонр нобуд месохт бо камони душоха… Баъд хаёли ўро овози падар парешон кард:
— Медонӣ-чӣ, бачем? Пагоҳӣ Забур омада буд...
Ҳафиз, гўё гапи падар нашунида бошад, сар набардошт.
Падар боз диққати ўро ҷалб карданӣ шуда, фармуд:
— Забур омада буд, бачем... Вай як гап зад, ба ту, намедонам, чӣ хел фаҳмонам... Мегўяд, ки Шаҳбону гум шуда рафту ба ҷояш, барои фотиҳагардон нашудан духтари худамро медиҳам..
Ҳафиз дигар тоқат карда натавониста ҷаҳида хест ва сўи дарвоза нигоҳ карда, ҳар қадаре, ки қувва дошт, давид...
— Ман «не» гуфтам, бачем, ман «не» гуфтам! – гуноҳашро хариданӣ шуда, аз паси ў тохт падар. Ва ўро дар паси дарвоза дарёфта, илтиҷою зорӣ карда боз ба ҳавлӣ даровард.
— Бачем, ту ягон ҷо нарафта, ба модарат ҳамроҳӣ бикун, ман худам ба ҷустуҷўяш меравам... Даро, ба хона даро, бачем...

18

Азиз Тахмин пас аз се рўз баргашт. Ў зиёда аз чаҳор чақрим рохро тай карда то дехаи обдонҳои номӣ – Хўҷапанҷ рафта, марди амаддору обдонеро киро карда омад, вале ба касе ин сирро нагуфта ба ҳоли худ шуд. Дуздида-дуздида ба писар нигарист, ки дар ин чанд рўз ба чӣ ранг гашта бошад. Ба назараш, ў каме ҷон гирифтааст, вале ранги рўяш ҳамон зайл – заъфаронӣ. Ў сар андохт. Ба писар чизе гуфта натавонист.
Ҳафиз низ дуздида ба ў нигарист. Хост напурсида, падар ягон хабар гўяд, вале Азиз Тахмин гўё ки ба мотам нишаста бошад, аз даҳонаш гап набаромад. Лаб хоид; пирона, ки дандон ба парсин нагузашта бошад, дуру дароз хоид. Аз чунин рафтори ў Ҳафиз пиндошт, ки мурдани Шаҳбонуро дарак ёфтааст, вале нагўяд. Ў тарсида нагўяд, то писари аз сад бало раҳида ба балое гирифтор нашавад. Ба ин ният Ҳафиз рамуз гирифтанӣ шуда, рў ба падар овард;
— Додо, чаро... барои чӣ..
— Ҳеҷ гап не, бачем. Ман обдон таъин кардам, фардо меояд.
Ҳафиз ба ҷои он ки як қад парида пушт равад, ба падар наздиктар шуд ва сар ҷунбонда пурсид:
— Чӣ хел, ў мурдааст?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан