Ту чӣ гумон кардӣ? Гумон кардӣ, ки дунё бо ҳамин тамом шуд? Ҳукм ба дасти касу нокас гузашт?
— Не, ин хел гумон накардаам... Гумон надорам, ки замоне ҳукм ба дасти касон гузашта бошад, ҳукм ҳама вақт ба дасти нокасон аст... Барои ҳамин, пояи дарахтро баландтар карда маро овез.
— Хайр... Агар ту ҳаминро хоҳӣ...
Баҳс тамом шуд. Ҳафиз дарк кард, ки дар берун оромӣ ва хомўшӣ шуд. Дарро оҳиста кушода баромад. Як назар дид, ки як сари хам аз дарвоза баромада рафт.
Ҳафиз зери айвон истода куҷо рафтани падарро нигарон истод, пас ду чашмаш роҳ дидагӣ барин ба болохонаи меҳмонсаройи Қозикалон дўхта шуд. Ў дергоҳ нигарон монд ва баъд бори дигар тамоми воқеаҳои онрўзаро пеши назар овард ва ба сараш зад, ки илоҷи корро аз падар пурсад. Ба умеде, ки бисёр тахминҳояш рост баромадаанд ва шояд, ки боз тахмине кунад, бо ў машварат оростанро авло донист. Ў ба ошхона гузашт. Падар набуд. Модар омадани ўро дида, бо нўги остини курта ашки чашмонашро пок кард.
— Додом куҷо шуданд, оча? – гиряи модарро надида ангошта пурсид Ҳафиз. — Нав ин ҷо буданд. Нестанд.
— Шояд коҳдон даромада бошанд, – гуфт ў ва дар дил ҳазор шукр кард, ки писар ба по шудааст.
Ҳафиз аз дари ошхона баромаду падар аз коҳдон. Онҳо гўё ки солҳои сол ҳамдигарро надида бошанд, ба пешвози якдигар омаданд.
— Сиҳат шудӣ, бачем?
— Худоро шукр, додо, – ҷавоб дод Ҳафиз ва ба рўи ў нигарон истод.
— Ягон чиз пурсиданӣ будӣ, бачем? – ҳолати ўро пай бурда.
пурсид падар.
«— Ҳа» – сар ҷунбонд Ҳафиз ва баъд изҳори матлаб кард:– Шумо медонед, додо...
— Чиро, бачем?
— Медонед, ки ў куҷо шудааст, чаро намегўед?
— Кӣ?
— Шаҳбону.
— Агар медонистам, худам рафта меовардам, бачем…
Азиз Тахмин хеле хаёл кард ва пас аз муддатҳо саволомез ба писар рў овард:
— Рост мегўӣ, ту ўро кофтӣ?
— Кофтам, додо...
Падар нахост, ки бори дигар ранги паридаи рўи писарро бинад; рўй тофта чанд қадам аз ў дур шуда, каме истод ва баъд ба ошхона даромад.





