Нее, Шаҳбону, ту ҷонатро халос кардӣ, вале пои ман дар гил фурўтар рафт...» Дар берун гуфтугўи ду мард хаёли ўро пароканд ва шабаҳҳо байни вассаҳои кодокҳо ҷо шуданд. Ҳафиз дар дил онҳоро дашном дод ва пас аз чанд лаҳза сар бардошта гўш андохт. Овози касони шинос ба гўшаш хўрд:
— Мегўм, замона дигар шудаст, ки давлатмандон ба дари бечорагон меоянд?
— Хато мекунӣ, ман ҳеҷ гоҳ туро бечора нагуфта будам. Бечора мегуфтам, туро паст мезадам, ба писарат духтар намедодам.
— Дидем духтар доданатро, ҳама диданд...
— Гўсола чаппа омада буд, дигар илоҷамон намонда буд.Ту ин хел чизҳоро аз ман хубтар медонӣ.
— Ман чиро медонам, Забурбек, ман фақат тахмин мекунам.
— Мон ин гапҳоро, ба дил нагир, кирои тую ман кардан не.
Ҷояш ояд, ман барои ту месўзаму ту барои ман. Пои тобути маро ту мегирӣ ва пои тобути туро ман.
— Ин чизро пеш андеша кардан лозим буд, Забурбек.
— Андеша кардам, ҳамин тавр кардан лозим буд, вагарна хоки ҳамаамонро мебехт...
— Хайр, мақсад чӣ? Омадӣ, ки ҷиҳози маро гардонда диҳӣ?
Чаро вақте ки ба хаёли худат буҷулат асп хеста буд, ҳамин корро кардан нахостӣ? Мункир шудӣ, ки ман ба ту ҷиҳоз надодаам?
— Ту гапро намефаҳмӣ, Абдулазиз. Ман ҷиҳозгардонӣ наомадаам. Ман омадам, ки... Худат медонӣ, ки ҷои накофта намонд.
Шаҳбонуро наёфтам. Коре кунем, ки девор дарун афтад...
— Чӣ хел девор?
— Ман гумон мекунам, ки Шаҳбону худро ба Зарафшон задааст, барои ҳамин дар ягон ҷо нест...
Ҳафиз андаруни хона як қад парид. Гўшҳояш қуфл заданд Ва дар ин миён онҳо чиҳо гуфтанд, ў нашунид. Бархоста ба назди дарича омад ва гўш андохт, ки Забур ҳамин замон дараки куҷо шудани Шаҳбонуро гўяд. Гўшбақимор шуд, вале Забур гапро аз дигар тараф сар кард:
— Абдулазиз, тақдир ҳамин будааст. Ман мехоҳам, ки писарат фотиҳагардон нашавад. Аз Шаҳбону дигар умед надорам. Ман ба ҷои ў духтарамро ба писарат медиҳам...
— Ту маро ғар гумон кардӣ? Гумон кардӣ, ки дигар касе ба баччаҳои ман духтар намедиҳад? Ҳафиз, худоро шукр, кар не, кўр не, чор дасту пои солим дорад. Ту одам мебудӣ, дил медоштӣ, мефаҳмидӣ, ки гап дар чист. Ҳеҷ кас ба ту нафармуда буд ва ё маслиҳат надода буд, ки духтаратро бадном карда акнун ба бозор андозӣ...
— Чӣ мегўӣ, занғар?! Ман духтарамро ба бозор андохтам? Ба ту, муттаҳам, дилам сўхта, маслиҳат кардам, аблаҳ! Дар ҳар тори мўи духтарам сад ҷавон овезон.





