Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 280 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 280 аз 470 · 3 ноябри 2026

Бо кафи даст лабони атолаолудро пок карда, паҳлў гашт ва дароз кашид.
Чанд фурсат гузашту модар даромад ва аҳвол чунон дида, чизе нагуфт ва дастархонро ғундошт. Гўё то ин вақт чӣ гуфтанро фикр карда бошад, паст-паст ба гап даромад:
— Зинда монданат ба ман давлати калон, бачем... Сар бошад, тоқӣ ёфт мешавад, бачем, худатро адо накун…
Гап хуш наомад, ки паҳлў гашт. Модар рамуз гирифта, берун баромад.
Ҳафиз дергоҳ фикру хаёл кард, баъд атола ба ҷисму ҷонаш форид, ки хобаш бурд. Чунон хоб кард, ки субҳи дигар бедор шуд.
Чашм кушода, аввал худро шинохт; зуд-зуд мижа зада, ба вассаю болорҳои кўҳнаю ошно нигарист, баъд ҳис кард, ки рўҳаш тоза ва фикраш кушода шудааст. Ў боз дуру дароз ба болорҳо нигарист.
Пеши назараш омад, ки дар ҳар вассаю болор сурати зебои Шаҳбону акс ёфтаст ва ҳамчунон ҳалиму меҳрубон ба ў менигарад.
Дергоҳ ноҷунбон аз сақфи хона чашм наканда нигарон истод, то бо ҳаракати ноҷо ўро гум накунад. Фикри тозаи ў фиребаш надод. Ў яқин донист, ки ин Шаҳбону нест, шабаҳи назарфиреб аст… Баъди ҷустуҷўҳо мурдаю зиндаи ўро наёфт. Чунин лаҳзаи гуворо, вале фиреборо ғанимат донист. Хост табассумҳои ўро ба такрор бинад, ақаллан ягон ишора ва ҳаракати ўро пай барад, ки ба зинда буданаш умед бандад. Пеши чашмонаш шаклҳо гуногун буданд. Ҳалқачаҳо, ҳубобчаҳо ва қуббаччаҳо, ки парвоз карда, аз як кодок бз кодоки дигар мегузаштанд, ҳар кадом сурати Шаҳбонуро доштанд. Шаҳбону лак андар лак сурат шуда, ба сўи Ҳафиз табассум мекард. Ҳафиз аз ин кори ў ҳайрон монда, ба ў суолҳо дод: «Чаро бихандӣ? Ҷонатро халос кардӣ, акнун ба ҳоли ман механдӣ, а?.. Механдӣ, ки ман барои ту месўзам... Нагўӣ ҳам медонам, ки барои чӣ механдӣ: мо кўдак, ҳеҷ чизро намефаҳмем...
Шаҳбону, зиндагӣ пуршўр будааст, пуртуғён будааст... Саҳл монда буд, ки гирдбоди зиндагӣ маро ҳам ба ҳалқаи худ печонад. Қариб пайи ту шуда будам, ман инро мехостам, Шаҳбону, лекин куҷо рафтанамро надонистам. Надонистам, ки ба зери хок равам ё ба зери об. Шаҳбону, ту намедонӣ, ки падарам барои мо шуда қариб қурбон гашта буд. Худо ўро нигаҳ дошт. Агар он вақт медидӣ, ки ману ў ба чӣ аҳвол афтода будем. Падар маро «халос мекунам»
гуфта... намегўям, Шаҳбону, туро хафа кардан намехоҳам. Шояд фаҳмида бошӣ, ақаллан хоб дидагистӣ. Ҳамин хел не? Ҷавоб намедиҳӣ. Мо аллакай бегона шудаем. Ба рўи бегонагон ин қадар намеханданд, Шаҳбону. Маълум, ки ту маро фаромўш накардаӣ.
Хандаат мисли хандаҳои пешин: ширин, дилфиреб ва ҳоло ҳам як лаби дандони чап ба рўи ашки чапат савор. Мезебад. Шаҳбону, ту гумон накун, ки ман зиндаю саломат гаштааму ғами туро намехўрам..

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан