Аспҳоро ба саисхонаю гирди яккамехҳо ҷо карданд ва аскаронро ба меҳмонхонаҳо тақсим. Зиёфат, ба қавли мардуми диёр, ҷигарӣ шуд.
17
Шаҳидонро «чил» доданд.
Дар ин муддат Ҳафиз дар ҷустуҷўи Шаҳбону қаландар буд. Ў тамоми водиро гашт. Дар ҳар ҷо аз ин боб лаб кушод, нишонаҳои ўро гуфт, дарак андохт, вале аз касе дарак нашунид. Ба деха баргашт. Ба рўи ў ранги ғарибӣ ва пати мусофирӣ зада буд. Чунин намуд, ки дар ин муддат ў ҳаргиз дами гарм начашидааст; пўст ба устухонаш часпида, рухсораҳо барҷаста ва чашмҳо фурў рафта буданд, бо вуҷуди он дар симои ў осори ҷавонӣ, дар чашмонаш умеди зиндагӣ боқӣ буд. Чашмонаш аз қаъри баҳри пуртуғёни зиндагӣ чизеро меҷустанд. Дербоз дар ҷустуҷўянд. Хаста шудаанду умедканда. Ҳафиз на танҳо як худ хафа буд, балки падару модарро ҳам гўрбагўр карда буд. Ў иштиҳобанд гашта ҳамаро парешон карда буд. Модари зор зориҳо дошт, ки ў чизе бихўрад, вале аз гулўи ў чизе намегузашт. Модар ба шир гули орд зада пеши писар овард ва хоҳиш кард, ки бо зўрӣ биошомад. Ҳафиз як чумча ба даҳон андохта, гумон кард, ки атола ба лабу кому вораҳояш часпид. Бинобар он ба модар нигоҳ карда, сар ҷунбонд.
— Не нагў, биошом, писарам, биошом, мадори дил мешавад,
– хоҳиш кард модар.
— «Не», – боз сар ҷунбонда фаҳмонд, ки хўрда натавонад.
— Не нагў, ба зўрӣ хўр, – модар ва косаро наздик оварда, ҳамчуноне ки ба кўдакони навгулахўр шир медода бошанд, як чумча атоларо ба даҳонаш бурд.
— Аз гулўям намегузарад, оча, – дилашро чизе фишор дод, абрўвон чин бар чин кард ў.
— Баччаҷон, бе ин ҳам худам ба ҷое расидаам, азоб нате, – косаро каме пас кашида изҳор кард модар.
Ҳафиз косаро ба даст гирифт. Баъд ба модар нигоҳ кард. Модар барои он ки шасти ўро нагардонад, ҷуссаи фарбеҳу пурраашро бардошта хест ва берун баромад. Ҳафиз мисли бистариён косаро дошта натавонист: дастонаш ларзида коса афтид ва атола ба рўи дастархон рехт. Ҳафиз барои он ки модараш наранҷад, дароз кашид ва лаб ба атолаи рўи дастархон гузошта чашм пўшид ва аз бемадорӣ маҳин-маҳин фурў кашид. Ў бо зўрӣ атоларо аз рўи дастархон даркашид. Дигар натавонист, мондаро ба коса ҳам бардошта натавониста, лаби дастархонро гардонд.





