Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 278 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 278 аз 470 · 3 ноябри 2026

Вале ғанимат ба аспҳо бор накарда, лашкари асосӣ даррасид.
«Тороҷгарон» дасту по хўрданд.
— Ин чӣ намға, Яҳё Мирзо?– ба забони шикастаи тоҷикӣ пурсид саркардаи лашкари аввал омада, марди тоторе.
— Нағма не, рафиқ Раҳматулин, барои ҳушёр кардани чашми мардум.
— Дигар роҳ набуд?... Шумо ҳушёр намекунед, балки нафрати онҳоро ба аскаронн сурх барангезед. Онҳоро ноумед кунед... Ё шумо ҳам кирми дарахт барин...
— Рафиқ Раҳматулин, бовар кунед, ки мо ҳеҷ гоҳ ин чизҳоро ба уловҳо намебастем.
— Бовар кунем?
— Бовар кунед.
— Хайр, бо дастаи Ҳомид чӣ кардед?
— Гурехт, рафиқ Раҳматулин.
— Шумо бо тороҷгарӣ машғул шавед, албатта мегурезад.
— Рафиқ комиссар...
— Хайрият, ки одамони худатон нагурехтаанд...
— Рафиқ комиссар, бовар кунед, мана аскарҳо, мо бо маслиҳат ин корро кардем, ки халқ ҳушёр шавад
— Халқро ин зайл ба худ намегардонанд... Босмачӣ «барои мири Масчоҳ андоз надодед» гуфта тороҷ кунад, лекин шумо барои кӣ? Агар шумо дар ин ҷо фарқ мекардед, кор ранги дигар мегирифт. Нее, рафиқ Яҳё...– каме ба рўи зин ковок шуда, гуфт комиссар. – Хайр, давомаш?
— Давом надорад, рафиқ комиссар. Онҳое, ки халос хўрданд, нокироӣ буданд: ҳафт-ҳашт нафар.
— Ҳафт-ҳашт нафар… Ҳомид худаш чанд нафар? Инро медонед? – комиссар ба саволаш ҷавоб нагирифта худ ҷавоб гардонд.
– Ў як даста, як лашкар, як армия. Гумон накардед, ки ў ба Масчоҳ рафта боз лашкар ғун орад.
— Ў дигар Масчоҳ наравад, рафиқ комиссар. Ў худро ҳокими мутлақи водии Зарафшон эълон кардааст. Мири Мастчоҳ Аҳмадҷон дар ғазаб аст...
— Тем более... Мустақил бошад, хавфаш зиёдтар..
Аскарони сурх ба деҳаи Ёрӣ намонда, бозгашт карданд.
Амондарагиҳо бозгашти онҳоро дониста, дар лаби сой дегҳоро қатор шинонданд ва фармуда, говҳоро бори дигар дўшида, ҳар қадаре, ки шир буд ба дегҳо андохта ҷўшонданд. Вақте ки аскарони сурх ба деҳа дохил шуданд, нону намак пеш оварданд ва баъд як коса шир ва як нони гарм ба ҳар аскар пешкаш карданд.
Аскарон рўи аспҳо нону ширро хўрданд. Пас амондарагиҳо лаҷоми аспҳои онҳоро гирифта хоҳиш карданд, ки меҳмон шаванд. Чун рўз бегоҳ мешуд ва онҳо то Панҷакат расида наметавонистанд, хоҳиши онҳоро рад накарданд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан