Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 277 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 277 аз 470 · 3 ноябри 2026

Чунин саҳлу осон, чунин шикаст хўрданро дид магар, ки «чу, ҷонвар, чу!» хитоб кард. Сарбозони зиндамондаи даста илоҷе карда, аз овардгоҳ сари аспон ба қафо гардонданд. Ва Ҳомид аз нав бо ҳамон шасте, ки мехост сафро дарида гузарад, аспро маҳмез зад.
Аспи овозадори ў чароғпоя шуда, бо дастон аспҳои садди роҳашро ба ду тараф ҷудо карда, шайтонсурат аз байни онҳо гузашта, сўи Амондара тохт. Вале асп ҳар қадар соҳибашро баланд гирифта гурехта бошад ҳам, шамшере ба китфи чапи ў расида, остини ҷома бо пўсти даст виреҷ карда фаровард. Ва Ҳомид дар гармии кор ин зарбро пай набурда, зуд лаҷоми аспро ба буни хонае гардонд ва ба сўи кўҳ гурехт. Аскарони сурх аз паси ў таъқиб карданд, вале аспи Ҳомид аз чашми онҳо ғайб зад.
Омадану рафтанаш ҳамин буд.
Баъди ин аз ҷониби Амондара ва Дупула мисли мўру малах аскар омад. Аскарҳои асосӣ. Онҳое, ки бо дастаи Ҳомид муқобилат карданд, пайгирҳо (кашшоф) буданд. Деҳаи Ёрӣ ба воҳима афтод ва ба кўҳ кўчид: мардум молу ҳол ва чизу чорашонро бурданд.
Тангӣ ва сои калони Ёрӣ ба намоишгоҳе бадал шуда буд. Бўғчаю гаҳвора, ҷуволҳои ғаллаю кўзаю ишкамбаҳои равған, кўрпаю гилем ва ҳар буду шуд дар буни харсангҳо, камар, зери дарахтон ҷо карданд. Гўсфандҳои парворӣ, ки аз охурҳо кушода оварда буданд, аз фарбеҳӣ фарозу баландиҳоро баромада натавониста, дилак мезаданд. Гиряи тифлон, нолаи модарон, дашноми писарбаччаҳо ва дўғу пўписаи онҳо шунида мешуд, вале пирамардон абрў чин карда, аз дил чӣ гапҳоеро мегузаронданд, зери лаб ғур-ғур мекарданд, дилашон заъф мезад, чиҳое, ки мехостанд, аммо ноилоҷ буданашонро дониста, бо мушту ангушт зери чашмро пок мекарданд. Лекин ба касе вонамуд намекарданд, ки гиря доранд; ҳамин тавр кўфти роҳ ва ташвишҳоро аз худ дур мекунанд. Ба назар ин пирамардон бори дигар ҷавон шудан хоҳанд, то қасос гиранд, вале чун дарк кунанд, ки ин хаёли ботил аст, чашм ба писару набераҳо дўзанд. Онҳо надонанд, ки аз кӣ гурезанд ва барои чӣ ҳар касе ва ҳар лашкаре, ки ба ин диёр дохил шавад, нохондаҳоро безобита кунанд ки ана-ана кадоме ба онҳо тохт оварад ва дар ҳамин ҳо ҳам тифлон мисли чўҷаҳо ба фиғон оянд...
Дастае, ки аввалин бор чӣ будани ҷангро ба Ҳомид-кўрбошӣ нишон дод, аз гурехтани қўрбошӣ алағда шуда, ба тороҷ даромад.
Ин даста нияти тороҷгарӣ надошт. Фақат хост барои он ки Мири бегуноҳро, ки чандин бор бо онҳо дучор омада маслиҳатҳо гирифта буд, дар ин диёр пеши чашмашон куштаанду эшон аз тарс мулўҳ мондаанд, нишон диҳанд ва огаҳ кунанд, ки бо тоифаи дуздоне, ки ба ин хок пой мегузоранд, набояд муросо кард. Онҳо ба хонаковак даромаданд, мисли роҳзанони бесар хонаҳоро такурў карданд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан