Ҳамчунон Ҳомид дар рўи зин як қад парид ва лаҷоми аспро кашид. Аз ду тараф кўчабоғро бурида саворагон баромаданд.
— Йигитҳо! – овозаш аз ҳарос ларзида фарёд зад Ҳомид ва филфавр панҷтираро ба сўи онҳо рост карда тир кушод.
Ҳар ду дастаро илоҷи ҳамла набуд, майдони танг имкон намедод, ки ҷавлон зананд. Аспҳо чунон ҷафс омада буданд, ки бузкашӣ мекарда бошанд. Ёрои дастёзӣ ва шамшерзанӣ набуд. Аспҳое, ки саворашон лаҷом гардонда буданд, аз деворҳои гашта ва рахнаҳо ба боғҳо даромаданд. Дар боғҳо аскарони пиёда зиёд буданд ва йигитҳои аз рахнаҳо гузаштаи Ҳомид лаҷоми аспҳо нагардонда ба ҳалқа афтиданд.
«Вақти зарурат чу намонад гурез, Даст бигирад сари шамшери тез». - боз хонд он ҷавони байтгў. Ҳомидро чашм равшан гашта ялаққӣ сўи ў нигарист. Баъд тири камон тамом шудагӣ барин шамшер болои сараш ҷавлон дод.
— О бачча, Яҳё Мирзош ҳамун каллакалонай? – онҳоро бозича пиндошта пурсид Ҳомид.
— Волло, ки донам, тақсир. Бошад, будагист, – ҷавоб дод нафаре, ки ба Ҳомид наздиктар буд ва аспашро баробари қўрбошӣ маҳмез зад.
Ҳомид гумон дошт, ки бо як ҳамла сафи душманро дарида ба худ роҳ кушояд ва бо ҳамон қасде, ки дошт, роҳашро давом диҳад. Вале аз ҳамлаи ў марди байтгў ва ҳамроҳи паҳлўи росташ яқин карданд, ки қўрбошӣ ҳамон каллаи калони гуфтаашро дид карда равад. Аспи қўрбошӣ пуршаст рафт, вале сафро дарида натавониста дар ҷояш монд. Садои тир, шамшерҳо, шиҳаи аспон, доду фарёди одамон боғотро кўчонд.
Ҳомид то алвақт ба ягон дастаи пурзўр ва ё лашкаре дучор наомада буд. Ба ҳар деҳоте, ки даромад, ба ў муқобилияти сахт накарданд. Аз ин рў, ҳаво гирифта буд ва мудом мисли Дон Кихот дар ҳаваси ягон занозании пурзўре буд ва умед дошт, ки алҳақ, дар муҳорибаҳои шадид ҳам чирадастӣ кунад.
Муқобилати имрўза аввалин зиддиятест, ки бо дастаи Ҳомидқўрбошӣ рух дод. Ў чун ҳамеша корро саҳл гирифт. Ва аз ҳамлаи аввал пай бурд, ки ба дами табар пахта бастагӣ барин. Бо тамоми нерў ва дилу гурдае, ки дошт, шамшер зад. Ва надонист, ки киро мезанаду ба ў кӣ ҳамла мекунад. Бехуду бехудо гашта, девонасурат шамшер меронд, навбате ба ҳаво мерафт, навбате бар асп ва ё саворе бармехўрд... Чароғпоя шудани аспон, саропо рафтани ҷонварҳо, аз каллаи аспҳо паридани йигитҳо, дар кўҳаи зин ҷон додани ҳамроҳон ва як пой дар рикоб сар ба замин задан, кашола рафтани касони нимбисмилро дида, авзояш дигар шуд. Гўё шамшере гўши рости ўро лесида гузашта, каме ўро ба худ овард.





