Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 275 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 275 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Дамата гир, беобрўӣ накун, туро касе назадааст, дасти зўрӣ накардааст. Қисмати холаат такрор нашуда, бас кун.
— Рўзи холем ба сари ту ғалтад, бешараф!
Чунин сурат гирифтани воқеаро Забур чашмдор набуд. Ҳарфҳои духтарон ба иззати нафси ў расид. Пурхашм гашт. Чашмонаш суп-сурх шуданд. Дар пўсташ нағунҷид. Дандон ба дандон монда:
— Баред! Инашро ҳам баред, унашро ҳам баред! Дафъ шавед!
– гўён хам шуда асо аз замин гирифт. Каме нафасашро рост карда, бори дигар калтакро ба сари духтарон бардошт, вале чӣ шуд, ки якбора ба посутуни айвон фаровард ва асо пора шуд, қисми дар дасташ мондаро ҳам пуршаст партофта, рахнаи боғро гузашта ғур-ғуркунон сўи кўра равон шуд...

16

Ҳомид-қўрбошӣ яқин кард, ки ба марги Мир хунталабе набаромад ва бо ҳамин пушти қасосу ниқор хунук шуд. Аз ин рў, аз роҳи баргаштааш боз баргашт, яъне бар муқобили ҷараёни Зарафшон рафта буд, баргашта ба Ёрӣ омад. Баъд хулосае баровард:
«Ту маро мекушӣ, аз паси ман лашкар истодааст, бо он чӣ кор бикунӣ?» гуфтани Мир барои халосии ҷони худ будааст. Ў чун дастаи пирўз саворон аз байни деҳаи Ёрӣ гузаронд ва аз хунҷои Мир нагузашта, бо кўчабоғҳои танги Фушон боз сўи Амондара рафт, то ваъдаю воизи напухтаро пазонад.
«Дар боғ будам, ғулғулаи ҷанг омад, Мирбачча будам, гурехтанам нанг омад». - хонд нафаре ин байтро.
— Чӣӣ?! – фарёд зад Ҳомид, ба соқи чоруқи сурхаш як тозиёна зада.
— Аслаш «шербачча» тақсир, ў хато хонд, – нафаре ё ҷони хамроҳашро амон доштан хост ва ё аз нофаҳмӣ ин гапро гуфт.
— Шеърро дар зарурат ва ё ба мақсади муайян дигар мекунанд.
Ё ту «мирбачча» гуфта тарафи Мир буданатро фаҳмондӣ? – ба ҷавони байтгў рў овард Ҳомид.
— Асло, тақсир.
— Ба ҳар маънӣ гуфта бошӣ, ин байт дили маро фурў зад...
Дигар касе ба сухани қўрбошӣ ҷавоб нагуфт. Худи ў ҳам аз боғот пати ғарибӣ задагӣ барин мегузашт; ҳеҷ кас ягон вақт ўро ин зайл шикастарўҳ надида буд. Назари байтгў ба ў нигарист, то ба қасди ҷонаш чӣ фармояд. Рўҳи Қўрбошӣ мурғи ба об афтидаро монад, ки ба лаби об худро офтоб дода, пару бол фахха карда бошад ва гўӣ касе ба он мурғ санг андохт, ки бол ғунча карда ҷаҳид.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан