Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 274 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 274 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Агар соҳиб шумо барин бошад, беҳ, ки надошта бошем!
–таънаомез гуфт Каромат ном духтар, рўй аз зери саргирак нанамуда.
— Ин рўйинатан кист? – нашинохта, гуфт Забур.
— Кори шумо набошад ба кию чӣ буданаш.
1
— Духтари лаф-лафи Рафоат нест?
— Бошад-чӣ?
— Агар ҳавай бошад, ба холааш рафтааст, ҳоҷати гап не...
— Боз шарм надошта, гап ҳам мезанед, а, амак? – гуфт духтаре низ рўй нанамуда.
— Боз ин рўсабӣ кист?
— Рўсабии рўсиёҳ худат, – рўймол аз сар афканда гуфт духтарҷияни Замонбой, ки аз мурдани тағояш ба ҷон расида буд.
– Холаи ўро таъна мезанӣ, лекин аз худат бехабар. Хола номус гуфта мурд, аз дасти ту барин ваҳшиҳо... Лекин ту мард шуда чӣ кор кардӣ?
— Дафъ шаведе, қанчиқҳо! Ин чӣ шўр аст, ки модина бо марди бегона, аз худ калон баҳсу мунозира кунад... Омадед, ки инро ҳам худатон барин берў кунед? Ҷанахс кунед, а? А?! Лозим бошад, гиред, баред!...– гуфта мардак асоро баланд бардошт.– Гум шавед!
Рав ҳамроҳи ҳаминҳо!
Духтарҳо Норинисоро миёна гирифтанд. Асои ў ба духтараш нарасид.
— Гум шав, дафъ шав!
— Айбу шарм, мардак, – тозон омада, худро ба миёна андохт занак.
— Ин чӣ рўз, ин чӣ арасот? Наход дунё охир шуда бошад?!!
Гум шавед-э, дар лаҳади додотон… – Чунон ки барои гардондани пеши рама чўпон ба гўсфандон асо андозад, Забур пои онҳоро дид карда, асояшро ҳаво дод.
Духтарҳо як ҳаросида, бозистоданд, вале ду нафар рўймоли фарангеро ба гардани ў андохтанӣ шуда пеш омаданд.
— Ба гарданаш андозу пеши оқсақол кашола кун! – овоз баромад аз байни онҳо.
— Панд нашудааст? Оқсақоли Ёрӣ чӣ шуд, ки оқсақоли шумо шавад. Гумон накунед, ки ў бармегашта бошад. Рафт, ки рафт,
– ҷумлаи охиринро зери лабу дандон такрор карда, рўймолро дошта аз дасти онҳо кашида гирифтанӣ шуд.
Духтарҳо фарёди талху тунд заданд.
— О, рўякам сиёҳ-ӣӣӣ! Бетавфиқи Забур моро кушт, ӣӣӣ!– овози Каромат буд.

  1. Лаф-лаф – беҳудагўӣ.
Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан