Чунон ки қатраҳои ҷудогонаи симоби рўи лаълии азиме бо як ларзиш такон хўрда ба ҳам оянд, духтарон бо маслиҳат, баъди деҳаро оромӣ фаро гирифтан, дар кўчаи паси масҷид ҷамъ омаданд. Ва машварате накарда ба тарафи кўчаи калон раҳсипор шуданд. Аз тарзи қадамгузорӣ ва худро печидаю паси ҳамдигар ҷо шуда рафтанашон аён буд, ки бо вуҷуди ин ҷадар ҷуръат биму ҳаросашон бартараф набуд. Ва онҳое, ки аз деҳа фирор карда, бо Мир дучор омада буданд, нестанд. Онҳо ба зери шаллоқ ва ранҷу азоби падару бародарон монда, аз хона берун шуда натавонистанд. Онҳое, ки имкон ёфтанд, ба ваъдагоҳ омада, Норинисоро хабаргирӣ рафтан доранд. Онҳо ба дарвоза наздик шуда фарёд накарданд. Гўӣ пандгирифта фармудаю насиҳати устодашонро ба ҷо оваранд; саф кашида аз рахнаи боғи Забур даромаданд. Забур ҳоло ҳам ба худ наомада буд. Ў зери айвон нишаста, ғамбодаи гулўяшро мемолид. Овози духтаронро шунида бархост ва аз буни айвон ба сўе, ки духтарон гап-гап карда меомаданд, нигарист. Ў духтарони зиёдеро дида, ҳайрон монд ва худро пас кашид. Духтарон назди айвон омада «Норинисо! Ҳо Норинисо!» фарёд заданд.
Норинисоро падар огоҳ карда буд, то набарояд. Вале Норинисо «Ҳа!» гўён аз дарун ҷавоб гардонд. Ва Забур кашидаю кушода ба лабу даҳони духтар фаровард. Овози ў дар гулўяш печ хўрд.
Лабаш кафида, аз биниаш хун омад. Норинисо ҳамон зайл, гарчӣ падар кўча баромадани сирри хонаро намехост, даҳону биниашро дошта, берун баромад. Духтарон шах шуданд; онҳо гумон карданд, ки Норинисо аз тортуқ сар кашида, худро ба ин ҳол гирифтор кардааст. Онҳо гирди ўро печонида, ҳолпурсӣ карданд, вале духтар чизе нагуфта ҳайрон меистод; зеро сабаби омадани духтаронро нафаҳмида буд ва пурсида ҳам натавонист. «Ҳолпурсӣ омаданд» андешид. Хуни бинии ў қарор нагирифт, духтарон сари ўро хам карда, дар ҳавзаки паси гарданаш оби хунук рехтанд, пас аз хеле вақт хуни ў сард гашта, қатраҳои хуни бинӣ якка шуданд ва оҳиста-оҳиста бозистоданд.
— Чӣ ҳол дорӣ, Нориҷон? – гўё ҳама бо як забон пурсиданд.
Норинисо фақат ишораи сар кард, ки хуб ё бад гуфтани ўро духтарон нафаҳмиданд. Ў даст бурда хуни дар нўги бинӣ карахш бастаро пок кард. Варами биниву лаб дида мешуд. Баъд аз ин ў омадани духтаронро пурсиданӣ буд, ки аз хона садои пурдаҳшати Забур баромад:
— Дунё охир шудааст, ки духтарон бесар гаштаанд?! – вай аз хона баромада ба ошхона гузашт ва аз он ҷо як калтаки дарозро бароварда, ба духтарон таҳдид кард. – А, лаънатиҳо, дунё охир шудааст-чӣ?! Шумо соҳиб доред, ё не?!





