Ба гўшаш расид, ки касе меояд ва номи ўро гирифта, ҷеғ занад. Ў ба гўшҳояш бовар накарда, дам ба дарун гирифт ва бодиққат гўш дод. Аммо чизеро нашунид.
Тахтапушташро ба девораи кўра силтав дода, ковок шуд ва оҳиста сар бардошта, дуздона атрофро аз назар гузаронд. Касе набуд. Боз фурў нишаст. Худ аз худ дар дилаш ҳиссе пайдо шуд, то аз кўра бурун наояд. Ў мисли сарлашкаре, ки пас аз муҳорибаҳои зиёд тамоми сарбозҳо талаф дода, ба асирӣ нишаста бошад, ба тақдир тан дода буд. Ҳама воқеае, ки то имрўз рух дода буд, як-як пеши назар овард ва аз нобарориҳо сад афсўс хўрда, андаке нарм шуд.
Ба дили ў аз қабристон баргаштани ҷанозахонҳо нармӣ ва меҳрубонӣ ҷо кард: «Чаро? Аз барои чӣ?» Посух наёфт. Пас Шаҳбону, хоҳараш, Мурод ва марги дигаронро пеши назар оварда, дар ин лаҳза дунёбезор шуд. Ба назараш, ки кўра аз чор тараф танг шуда ба гўр табдил ёфт. Ва баробари танг гаштани девораҳои кўра дили ў низ ба танг омад. Ў боз дандон ба дандон монда фишурд, ки дилаш то ҳадди таркидан расад. Ў ба шикам афтид ва хокҳои аз манқалу хокистар сиёҳ шударо ханҷолкаш кард. Каф-каф хокро байни панҷаҳо фишурд: «Хоки гўри ман –шумо…» Ў кўраро гўри хеш дониста, хоки сиёҳ бар сар кашиданӣ буд. Якбора ба ғазаб омада хок ба девораи кўра зад ва баробари фишор ёфтани панҷаҳо дандонҳо ҳамдигарро соиданд. Ду-се бор пешонӣ ба замин зад, чанд ҳалқаи салла кушода шуда, ба гарданаш фуромад. Чунон ки рўзи сахт рўймоли хоҳараш Маҳбону ба гардан фуромада, сарлуч гашта буд. Ва халқаи дигар пеши чашмашро гирифт. Ў чизеро ҳис карда, сар бардошта, ба берун нигарист. Пас чизе ба ёдаш омад, ки хокҳои мушт кардаашро боз партофта сар ҷунбонд ва ҷаста хест. Гўӣ гапи касеро гардонида ба ў дўғ мезада бошад, бо садои баланд фарёд кашид:
— Нее, ман ҳоло намурдаам!.. Ман намемурам... Ман бояд ҳаққи худро ситонам!.. Ҳомид ҳам намурдааст. Ман аз ў мадад мепурсам.. Худовандо, ўро забардаст гардон!..
Тамоми раҳимию ҳалимиҳои ў бартараф шуданд ва зорию илтиҷояш як тараф монд. Ў чун мор пўст партофта, боз дар пўсти аввалааш ҷо шуд ва ҳаллос зада, аз кўра баромад. Хоки сиёҳ аз либос натакконида, сўи хонааш рафт. Ба шитоб рафт ва раҳораҳ фикр кард, ки чӣ зайл пеши Ҳомид равад. Дар хона ба зану духтараш ҳарфе нагуфт, ҳеҷ чиз ҳам нахўрд. Ба хонаи азодорон «фотиҳахонӣ» ҳам нарафт. Буғз гирифташ. Ба назар, дар гулўяш ғамбода дамида, лаҳза ба лаҳза бузургтар мегашт.





