Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 271 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 271 аз 470 · 3 ноябри 2026

Сабзаҳои қадкашидаи сари вотро зери по карда то назди дарахти чормағз рафт ва пушти он истода ба роҳи қабристон нигарист, чанозахонҳо бозгашт доштанд. Онҳо имрўз ҳашт ҷаноза хонданд.
Домуллоимом худро нокор сохта, ба ҷаноза наомад. Мулло Турсун чанд бор оят хонд (хоҳ зинда аст, хоҳ мурда, барои Шаҳбону низ ояте бихонданд). Муллои ҷавон оят бихонд ва ҳама пурандўҳ ва ниҳоят ҳалиму раҳим аз гўристон баргаштанд.


Имрўз ҳама аз сафар баргаштанд: ҳам онҳое, ки ба кўҳу камар рафта буданд ва ҳам онҳое, ки ба ғорҳо пинҳон шуданд. Духтарон дирўз ҳамроҳи дастаи Мир баргаштанд, танҳо Қурбонбибӣ барнагашт.
Дар деҳа боз Муроду модараш набуданд: онҳо, ки ин рўзҳо интизори дидори Шаҳбону буданд, пеш аз омадани Ҳомид ба хонаашон баргаштанд. Вале аз мардуми таҳҷоии деҳа Ҳафизро касе надонад, ки дар куҷост...
Забур аз кўҳу камар бозомадани мардум ва аз қабристон баргаштани ҷанозахонҳоро дида, дилаш фурў рафт. Гўӣ дилаш вазнинӣ карда қомати ўро таҳ кашида бошад, бар қади дарахти чормағз фурў лағжид. Вале ў дили худро фиреб дод. Бо амри дил хам нахўрда, барои аз чашми ҷанозахонҳо худро паноҳ доштан паст рафт. Пиндошт, ки ҷанозахонҳо барои қасос гирифтан рост ба хонаи ў биоянд. Ва ўро дида ба сўяш тозанд. Аз чаҳор дасту пояш гирифта, рост ба қабристон бурда, зинда гўр кунанд. Забур ду-се қадам пушт рафт, баъд ба назараш расид, ки мардум гурехтани ўро дида аз паяш шаванд. Ў рў гардонда тохт, вале ба хонааш надаромад, балки мисли девонагон аз боғи худ ва аз боғи ҳамсоя гузашта то сари кўра тохт. Худро даруни кўра андохта мисли рўбоҳи туллак дар кунчи девори кўра ҷафстар шуд ва нафас дарун кашида, гўш ба атроф дод. Вале садое ё ягон таҳдидеро ҳис накард, пас нафаси дароз кашида, пушт ба девори кўра гардонда такя зад ва паси сарашро пушт монда рўйдодҳои сари ин кўраро ба хотир овард: «Хамааш аз ҳамин ҷо сар зад. Ман чӣ донам, ки анҷоми ин корҳо чунин шавад. Агар одам мурдани худро донад, чӣ корҳое кунад... Умеди ман дигар буд, барои ҳамин ин қадар ҷон кандам. Вагарна, кӣ духтари худро (ҷиян он тараф истад), духтари худро ба ин пастиҳо барад? Худоё, маро ба чӣ пастиҳо бурдӣ?...
Ба номат сад бор шукр, парвардигор, ки ин қасдро Норинисо нафаҳмид. Мефаҳид, рўзи Шаҳбону ба сараш меомад. Ман умре рўсўхта будам... Занак гуфт-а: «нофатро аз нофи ў бо дандон ҷудо мекарданд, мефаҳмидӣ». Лекин ман ба маънин сухани ў сарфаҳм нарафтам; гумон кардам, ки мисли ҳамеша зан асту лаққад. Вале ў дигар чиз гуфта будааст...»

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан