Мурдаи Бихалифаю бародараш Мирро аз Дашти Маҳрў вовайлокунон оварда буданд. Гўё Мирро дар Дашти Маҳрў куштани Ҳомид маҳз аз ин ваҷҳ буд, ки мардуми гирду атроф ин фоҷиаи нохушро дида чашмашон тарсад. Оне, ки мурдаи онҳоро ба деҳа оварданд, барояшон тобут нарасид. Он рўз ҳашт қурбонии пеши пои Ҳомидро ба гўристон бурдан лозим омад. Тобут навбат шуд.
Мардуми деҳа чор бор ҷуфттобут бароварданд. Мурдаи Миру хоҳараш Офтобхон ҳам ҷуфттобут шуд. Вале дар ягон ҷаноза Забур иштирок накард: ўро роҳ надоданд. Ў тамоми рўз аз хона берун набаромад. Аммо зери айвон нишаста «салоти ҷаноза»-ро шунид ва худ ба худ ғурунгидан гирифт: «Хайрият, ки мақсадро ба Норинисо нагуфтам... Ман чӣ донам, ки ҳамааш чунин анҷом мегирад... Шаҳбону беҳуда нобуд шуд. Модараш васвос гашт. Эй худои бокарам, ин чӣ коре буд, ки ман кардам? Худат фармудӣ…
худат мефармоию баъд тамошо карда, механдӣ. Ё барои санҷиш ин корро кардӣ? Акнун ҷазо медиҳӣ, а? Хайр, бандаи бечораи ту чӣ кор кунад? Эй худо, як бандаи ҷонфидо ва банамози ту, ки ин қадар хориҳо бинад... Худоё, ман ба даргоҳат шукргузорам... Ана ҳамин дастони ларзон ба сўят ёзида, илтиҷо дорам, ки ҳар кўтаҳие аз ман содир шуда бошад, бубахшӣ... То ҳол дида будӣ, ки ягон махлуқи туро, ягон ҷондору ҷонвари безебтаринатро ранҷонида бошам? Не, албатта, не. Ман надонам, ки ин дарди бедаво ба ман аз куҷо часпид.. Худои ҳаждаҳ ҳазори олам, наход худат раво дида бошӣ? Бовар намекунам. Агар ин рост бошад, пас хориро ҳамаи мардумони бегуноҳ ва бечора медидаанд. Ман ба ҷумлаи одамон бовар накардам, фақат ба ту ихлос бастам, ки ба додам бирасӣ... Эй соҳиби ман, ин бандаи ту бояд ба мурод расад. Ман боварӣ дорам, ки Ҳомид бо имдоди ту ба ин ҷо бармегардад ва он чӣ ман хоста будам, ҳама муҳайё мешавад. Ўро фиреб доданд, вале ман имони комил дорам, ки ў забардаст хоҳад шуд. Ман ба ин бовар мекунам...»
Риштаи андешаҳои ўро занаш канд. Ў рўзи дароз намак начашида гаштани шавҳарро медонист. Ҳарчанд ба ў нафраташ беандоза буд, дастархон овард. Дастархонро бехи посутун монда, аввал як ҷуволи холиро паҳлўи пои нав дарозкардаи ў андохт ва аз болои он дастархонро кушода, хомўш баргашт ва пас аз чанд вақт дар як чойнаки қадоқбинӣ чой дам карда овард. Гоҳе чойнакро рўи дастархон гузошт, ба лаби пиёла расида садо баровард. Ин садо ба гўши Забур хеле бад расид. Ў баргашта ба зан сахт нигарист.
Зан хашми мардакашро пай бурда, зуд ба хона даромад. Забур гарчӣ рўзи дароз гушна буд, гоҳ нону чой хўрданӣ мешуд, гоҳе на.
Ў ба дигарон ситеза кард; ба худо худро поку бегуноҳ вонамуд. Ў дергоҳ фикру хаёл кард ва ниҳоят ба зан ситеза карда бархост ва домон афшонда, аз сари дастархон дур шуд. Ба канори боғ рафт.





