Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 269 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 269 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ҳомид чанд қадам дур аз пеши пояш афтидани Мирро надид. Гоҳе ки савор аспро назди онҳо дошта, худро назди маъюб партофт, Ҳомид афтидани ўро дид.
Занак солхўрда, сафедмўй, вале хеле нуронӣ менамуд. Ў башитоб фўтаю ҷомаи ўро кушода ва куртаи карбос аз гиребон чок карда, даст ба ҷароҳаташ бурд, то хун боздорад, вале хуни гарми маҷрўҳ аз байни панҷаи занак зиҳида баромад. Занак бо ғазаб ба қўрбошӣ ва баъд ба ҳамроҳони ў нигарист, вале чизе гуфта натавонист. Аз афташ, нафасгардон шуда, аз даҳонаш гап намебаромад. Ў лабу забон ба ҷароҳати ў гузошт, то хуни ўро боздорад ва ё бо он хун даҳони қоқашро тар кунад, ки мадори сухан гуфтан шавад. Ба қотилон гапи нагуфта намонад.
Занак як бор ҷунбида дасти хунолуд ба сари синаи худ бурд, то таркиши дил боздорад, вале дасташ то сари дилаш нарасид...
Онҳо занро нашинохтанд. Баъди чанд муддат омада аз китфи ў дошта кашиданд. Ў намеҷунбид. Гўё лаби ў ба ҷароҳати маҷрўҳ часпида буд. Сахттар кашиданд. Занак аввал каме қафо омад, баъд беқувваю бемадор сар ба пои маҷрўҳ дароз афтид...

14

Гулҳои қоқу рехта, ба ҷои онҳо пуфакҳо пайдо шуда буданд, ки бари домони касе расад, сабук-сабук парвоз карда, пасту баланд рў-рўи замин мегаштанд. Фақат баччаҳои беғам, ки ақлашон ба азою мотам намерасид, онҳоро дунбол мегирифтанд; меканданду аз кафи даст пуф карда, аз паяшон тохта, боз ба каф оварданӣ мешуданд. Вале калонсолон ба мотам нишаста буданд Аз ҳама сахттар дар хонаи Мир азо доштанд. Боғи Бихалифа ҳайрон монда буд. Мактабхона бекас монд. Танҳо саги чорчашми Офтобхон, ки вақти рафтанаш ҳайдав карда буд, аз як гўшаи боғ ба гўшаи дигар тохта, аккос мезад ва садое ё навозишеро шунида қарор мегирифт ва фўк сўи осмон бардошта зўзаву уллос мекашид. Чун ба садою беқарориҳояш ҷавобе намегирифт, заминро ханҷолкаш карда, кафкаф хокро пас мепартофт ва бо ҳамин тасалло ёфта, зери айвонро гузашта, дар пеши дари мактабхонаи хусусии Офтобхон ҳалқа мезад. Ва боз навозишу гуфторҳои Бихалифаро ёд карда, гўё ки ба боғ сайд даромада бошад, ғуррида мехест, сипас дергоҳ гирогир мекард. Ҷонвар ба умед раҳи соҳибаро мепоид. Агар медонист, ки ў барнамегардад, ҳатман оби чашм мекард. Вале баумед аст; ҳар гоҳ аз рахнаи паҳлўи дарвоза берун баромада ба роҳ нигоҳ мекунад, баъд гўё ки соҳиба аз девори пушти боғ меомада бошад, боз ба боғ медавад. Мурдаи Бихалифаро ин ҷо наоварданд, то саги бовафо бўи маитаро шунида умедашро канад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан