— Ҳамин тавр, ба кофирҳо хизмат кунӣ?
— Бале, барои кофироне, ки ноолуда бошанд.
— Чӣӣ!
— Кофири росткор беҳ аз мусулмони бадкирдор.
Ў кашидаю кушода ба бари рўи Мир тозиёна зад. Пас аз лаҳзае бари рўи ў мисли тозиёнааш бардамид. Вале Мир ғинг нагуфт, гўӣ зарбаи тозиёнаи ўро ҳис накарда бошад, мижааш хам нахўрд.
Пас аз лаҳзае пай бурд, ки чашми чапаш мисли чашми Забур танг мешавад. Ва дар ин фурсат қиёфаи зишти ўро пеши назар оварда, тамоми нафрату адоваташро ба ў пошид. Дар дил нафратҳо карданӣ буд, ки саволи қўрбошӣ хаёли ўро бурид:
— Ман мехоҳам донам, ки ту чӣ мақсад доштӣ?
— Ман мақсадамро гуфтам, вале намедонам, ки ту чӣ мақсад дорӣ?
— Мақсади ман дар чор подшоҳ маълум: нахоҳам, ки ба хоки Ватанам қадами номубораки касе расад.
— Набошад, чаро ба хоки дигарон қадам мегузорӣ?.
— Магар ин хок барои ман бегона аст? Магар ин хоки ман нест? Ин хоки водии ман аст, ноасил! Ту худию бегонаро фарқ кун! Ман барои ту бегона не. Бегона мебудам, деҳаю мардуми туро ба хок яксон мекардам. Агар ту ба ман намегуфтӣ, ки дар паси ту лашкар ҳаст, аз деҳаат намебаромадам... Ту худат мефаҳмӣ, ки чӣ кор ва барои кӣ хизмат мекунӣ? Инро намефаҳмӣ. Ман барои ҳамин афсўс мехўрам, номурод меравӣ. Ҳайф аз буди тую сад ҳайф аз нобуди ту.
— Ҳаа, сад ҳайф аз нобуди ман... Лекин дониста бош, ки аз ту на Чингиз барояду на Темур.
— Худам ҳам инро нахоҳам. Ман хоҳам, ки Ҳомид бошам.
— Нее, аз ту каси номдор набарояд. Аз як даҳан гап ин қадар тарсида гурехтию...
— Бас!!! Ба ту чӣ мондааст, ки маро таҳқир кунӣ?!
Ҳомид дигар тоқат карда натавонист. Хуни ў ҷўшид. Ғурури худписандӣ дар ботини ў ҷой гирифт, бардораш дод ва ў наъра зад:
— Канор шавед!!!
Ҳама ба канор ва паси қўрбошӣ гузашта саф кашиданд.
Ҳомид сўи ў таппонча рост кард ва дид, ки Мир айнан мисли Азиз Тахмин қоматашро рост дошта, сари синаашро дамонда ба ў на илтичоомез, балки пурнафрат нигоҳ дорад. Қўрбошӣ андаке мулоҳиза карда, мили таппончаро фаровард ва яке хун ба сараш зада кулангро пахш кард.
Мир ҳатто сари синаи хунолудашро надошта, рост сўи ў қадам зад. Ҳомид боз тир холӣ карданӣ буд, ки садои суми асп баромад.
Қўрбошӣ ба он тараф нигарист ва занеро дид, ки савори аспи сиёҳ меояд.





