Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 267 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 267 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ҳамин тавр, – қасдан гуфт ў, вале Ҳомид худро сипоҳ гирифта ўро кофт.
— Чӣ хел бо он пайвастӣ?
— Ҳамин тавр...
— Чӣ тавр?
— Рафтам, қабул карданд, шинос шудем.
— Муродашон чӣ?
— Муродашон муроди шумо...
Ҳомид аз ҷавобҳои ў чизе нафаҳмид. Тори асаб таранг шуд.
Мирро як тозиёна зад:
— Чӣ хел муроди мо барин?.. Ту гумон дорӣ, ки ман тороҷгарам, хунхорам?..
— Ман ҳеҷ чиз гумон намекунам.
— Барои чӣ ин хел гуфтӣ?
— Ҳамаи онхое, ки ба хоки дигар пои таҷовуз гузоранд, бо ҳам монанданд.
— Набошад, чаро ту сўи мо тохтӣ?
— Ман дидам, ки Забур барин нобакорон танфўрўшӣ мекунанд, хостам танҳои нопокро тоза кунам ва деҳаро аз дасти нохалафҳо нигаҳ дорам... Ман надонистам, ки шумо таппонча доред... Гумон кардам, мисли ман беяроқ ҳастед...
— Агар беяроқ мебудем?
— Аз гиребонат мегирифтам.
— Он гоҳ ман забони туро аз пушти сарат мекашидам... Як марди безорӣ аз гиребони ман мегирифт, а? – ў боз Мирро як тозиёна зад.
Мир аз зарбаи тозиёнаи ў биме надошт, хафа ҳам нашуд, вале «безорӣ» гуфтанаш мисли алмос дили ўро чок карда гузашт. Ў пай бурд, ки қўрбошӣ пурғазаб шуда, косаи сабраш шикаст, дилаш андаке ларзид. Вале худро ба даст гирифт ва нахост, ки аз ранги паридаи рўяш таслим шуданашро пай баранд. Ў ҳарчанд ба банд афтида буд, тан додан намехост. Рў ба рўяш як марди таҳамтанро дид, ки ҳам барои гуфтану шунидан ва ҳам барои чанг ба чанг шудан арзад. Акнун ҳар муддаое дорад, бояд бигўяду баъд мирад.
Вале онҳо мақсади ҳамдигарро нафаҳмиданд. Ҳар ду ҳам даъвои ҳифзи Ватан доранд Аммо нафаҳманд, ки чию киро аз кӣ ҳимоя кунанд. Боз бо вуҷуди тезпарвозиаш ба чанголи уқоб хўрдааст.

Ҳомид ҷуссаашро бардошта хест. Мир ҳам, ки сари по нишаста буд, худро аз ў кам нагирифта бархост. Ҳомид пай бурд, ки Мир тан доданӣ нест ва дар ҳеҷ бобат намехоҳад, ки аз ў паст ояд.
Мардест, ки росто мурдан хоҳад. Худро таҳқиршуда ҳисобид ва ба дил савганд ёд кард, ки ин дафъа як гапи беҷо гўяд ва ё ўро таҳқир кунад, хунашро резад. Боз таги дили ўро кофт:

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан