Ўро тела дода то назди асп бурданд ва ишора карданд, ки ба асп савор шавад. Аз ин хоҳиши онҳо вай дар ҳайрат монд, вале савор нашуд. Онҳо ба саркашии ў нигоҳ накарда, озод бардошта рўи зин ба шикам хобонданд ва ресмонкаш карданд.
Пас саворае лаҷоми аспи ўро кашид. Дастаи қўрбошӣ ба ҳукм аз деҳа баромада сўи Хокканак равон шуд. Онҳо ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарданд, на ягон чиз гирифтанд ва на ба Забур барин касон чизе гуфтанд ва на интизори тортуқи амалдорони деҳа шуданд.
Дар ин миён Забур мисли ҳайратзадагон гўшаи фаши дастор зери дандон газида, чашмонаш аз паси онҳо тофта монд...
Дастаи Ҳомид-қўрбошӣ сари Хокканак расида қарор гирифт.
Аз он баландӣ ба паҳнои дашти Амондара ва гирду атрофи он дервақт нигоҳ карда, чизеро надид ва хавферо пай набурд. Пас онҳо яқин карданд, ки Мир «дар паси мо лашкар» гуфта ҷони худро халос карданӣ будааст.
Қўрбошӣ ба сухани ҳамроҳонаш бовар накарда худ сари асп гардонда дуродури водиро аз назар гузаронд. Чизе ба назараш нанамуд. Чашмаш ба бодомҳои шукуфони боғоту ҳавлиҳо бархўрда лаҳзае ором монд. Шукуфаҳои бодом нияти ўро ба дигар тараф – ба сўи некиҳо кашиданӣ шуданд, вале ў ҳама чизро фаромўш карда, назди Мир омада, сари ўро бо пошнаи тозиёнааш нихта кард:
— Ўй! Ку он лашкаре, ки гуфтӣ?
Мир ҳамчунон саркашол буд, боло накард ва ҷавобе надод.
Ҳомид бори дигар сари ўро нихта кард ва аз паси манаҳи ў дастаи тозиёнаро гузаронда боло бардошт
— Ўй! Ку он лашкаре, ки гуфтӣ?
— Вақташ расид, мебинӣ, – паст наомад Мир.
— Ҳоло вақташ нарасидааст? – бо овози баланд пурсид қўрбошӣ.
— Мерасад.
Ҳомид дигар тоқати шунидани сухани ўро надошт, сари аспашро гардонд ва ишора кард, ки аз ин деҳа дур рафтан хоҳад.
Онҳо асп монда, то боғоти деҳаи Ёрӣ рафтанд ва боғотро оҳистаоҳиста гузашта, то доманаи деҳа – Дашти Маҳрў расиданд. Дар ин тохт онҳо гумон карданд, ки Мир азоби гўрро кашида, шири модар аз даҳонаш омад. Ва акнун ҳар чӣ гўянд, розӣ шавад ва тавба кунад.
Онҳо дар Дашти Маҳрў қарор гирифтанд. Бандро кушода Мирро аз асп фуроварданд. Ва Ҳомид ўро рў ба рў дошта ба истинтоқ даромад:
— Ту дар бораи кадом лашкар гуфтӣ? Лашкари ислом ё лашкари кофирон?.. Охир, он кадом лашкар?.. Ту гунг нестӣ-ку, ҷавоб деҳ! Сурхҳо. Ҳамин тавр не?





