Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 265 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 265 аз 470 · 3 ноябри 2026

Чунин киноя ба қўрбошӣ сахт расид ва ў ба пешонии сафеди аспи Мир тир зад.
Ҷиран якбора чароғпоя шуда, шиҳа кашида, дар ҳаво дастак зад. Боз дастҳо ба замин монда, аз зўрии дард чароғпоя шудан гирифт. Аспҳои дигар аз ҷиран гузаро шуда як-як дучори тир мешуданд. Замон дар гардани аспаш овезон шуд. Мир аҳволро дида худро аз асп ба зер партофт. Аспи ў шиҳа кашида, ҷасту хез карда, гўё ки алам аз кушанда мегирифта бошад, рост ҷониби Ҳомид рафт. Вай бори дигар чарғопоя шуд, ки бо ду дасти наълдораш ба фарқи сари қўрбошӣ зада ҷо ба ҷо якмарг кунад. Вале Ҳомид баробари рост шудани асп ба зери дили он тир ҷо кард. Ҷиран бори дигар чунон пуршаст ба ҳаво рост шуд, ки пойҳои ақибаш низ аз замин канда шуда ба паҳлўи чап афтид.
Ҳуҷуми ногаҳонӣ ва чашмдор набудаи Ҳомид барабас рафт.
Мир бе ягон фикру мулоҳиза неши шамшер ба замин зад ва сўи Ҳомид равон шуд. Даҳ-дувоздаҳ қадам аз ў дур истода, ишора кард, то яроқро партояд. Ҳомид хандид. Ва Мир аз нописандии ў дар қаҳр шуда лаб газид ва баъд чунин андеша ба миён овард:
— Мо, мардон, бе яроқ ҷанг мекунем.
— Мо, номардон, бо яроқ.
Рафтори Мир ба қўрбошӣ маъқул нашуд. Таппончаро сўи ў рост кард ва ба йигитҳояш фармон дод:
— Гиред ўро!
Одамони қўрбошӣ мисли гурбаи афсунгар, ки якбора ба сўи муш ҷаҳад, худро ба сўи Мир андохтанд.
— Ин хел не, – ба онҳо рў овард Мир, – мардӣ ин хел нашудааст. Ман бо сардори шумо тан ба тан мешавам, зўр ояд, таслим мегардам.
— Гиред! – наъра зад қўрбошӣ. – Ҷояш ояд, тан ба тан ҳам мешавем.
Одамони Ҳомид ба зўрӣ дастони ўро пушт гардонда бастанд ва ба мирашон рў оварданд.
— Чаро номи туро Мир гўянд? – ба нигоҳи онҳо чӣ ҷавоб гуфтанро надониста пурсид қўрбошӣ.
— Номи хоназоди ман аст...
— Чӣ номи безебест.
— Аз овозаи «Ҳомидомад» безебу шумтар набудагист.
— Баред... Ин нобакорро бар асп барбандед!
— Мардак баҳона наҷуй, ту маро кушта натавонӣ, ман танҳо не, дар паси ман лашкар истодааст. Он ҳамаро кушта наметавонӣ...
— Гуфтам-ку! Зудтар баред!!!
Пеши назари Мир омад, ки ҳамин лаҳза ўро ба думи асп баста, дар саҳрои кушод бароварда, пеши назари мардум тозанд. Ў дандон ба дандон монда дастонашро аз ҳам ҷудо кардан хост, вале натавонист.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан