Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 264 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 264 аз 470 · 3 ноябри 2026

Дили Забур чун боми тосида фурў рафт. Ў аз он, ки Ҳомидқўрбошӣ духтарашро талаб надорад, хурсанд набуд, балки фоли ноҷо пиндошт ва хаёл кард, ки ҳама орзую омолаш барбод рафт; Забурбеки номдор шармандаи ҳарду олам гардид. Ба назари ў, Ҳомид-кўрбошӣ дар ғазаб аст. Чашми чапи Забур баробари чашми Ҳомид тамоман пўшида шуд. Агар Ҳомид ба ў менигарист, яқин мекард, ки масхарааш кунад...
— Ҳумм... – оҳи бадард барин мад кашид Ҳомид. – Хууб...
ана ун мардаки лўнда ва ҳоо ана ун сиёҳ ба мо ҳамроҳ мешаванд,
– Мухтор ва Назари мазангро ишора карда гуфт қўрбошӣ.
— Орзуи онҳо ҳамин буд, ки ба шумо хизмат кунанд, тақсир,
– таъзим кард Забур...
Дар деҳа шўре бархост. Тангкўчаи паҳлўи ҳавлии қозикалон пур аз садои ба сангу кўрсангҳо бархўрдани наъли аспон буд.
Ҳомид ҳайрон монда, аз болохона ба кўча нигарист ва аз сари девор сарҳои фўтаю саллабастаро дид, ки бо лангари гашти асп пасту боло шуда, мегузаштанд.
— Йигитҳо!– фарёд зад Ҳомид қўрбошӣ ва аз болохона зер омад. Аз хаёл гузаронд, ки чунин найрангҳоро Забур сохтааст.Аз ин рў хуш қабул кард ва аспонашонро ба дигар ҷо бурд, то гоҳи пархош пиёда ва пеши саворагон оҷиз бошанд.
— Ин чӣ коре буд, ки кардӣ, мардак? – ба Забур рў овард қўрбошӣ.
— Аз мурдани худ хабар дораму аз ин кор не, тақсирам... ларзид Забур, – Ин кори Мир будагист.
— Мираш кист?!
— Як бехудои худписанд...
— Ку, ба ман нишон деҳ.
— Шумо ташвиш накашед, худам кори ўро мекунам.
— Не, аввал нишон деҳ, ман бинам, ки чӣ кас аст
— Ана ҳамоне, ки сарашро бо фўта бастааст, – сари аз девор баланди Мирро нишон дод Забур.
Ҳомид-қўрбошӣ таппончаро аз бағал бароварда як дид кард, вале чӣ фикре ба сараш омад, ки даст пас кашид.
— Инҳо яроқ доранд? – хавф бурда пурсид Ҳомид.
— Шамшеру досу калтак...
— Илоҷе кунед, ки аспҳои моро аз пушти девор ҳозир кунанд,
– фармуд қўрбошӣ.
— Хўш тақсир – таъзим кард ў ва Мухтору Назари мазангро фармуд, ки аспҳоро бо тангкўчаи пушт ҳозир кунанд.
Дар ин вақт Миру ҳамраҳонаш аз дарвоза аспакӣ зада даромаданд.
— Чаро ба мо нону намак пешкаш намекунӣ, Забур? Духтар тортуқ бикун намегўем, нону намак,– пичинг зад Мир.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан