Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 263 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 263 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ўро амр фармуданд, то аз болохона зер шавад. Азиз Тахмин рў гардонда, зинаҳоро фаромад ва дар саҳни ҳавлӣ, гўё ҳукмашро хонанд, бозистод. Хеле истод.
— Боз чӣ истодӣ? Рав гуфтам, рав!
Азиз Тахмин як қад парида худро ба даст гирифт ва қадаме пеш андохт; ў аз дил мегузаронд, ки дар қадами навбатӣ ба тахтапушташ тир мерасад ва аз дарвозаи Забур набаромада, ҷон медиҳад… Писар фаҳмида меояд ва…«Ана, ана, дар ин қадам, дар инаш, ҳозир, қадами охирин... Қарс!» Як қад парид. Ларзид. Назди дарвоза расида, қадам боздошт. Дил дар қафаси синааш мезад.
Ў тапиданҳои дилро боздоштанӣ шуда нафас ба дарун кашид ва қарор истод. Вале дил беист зада гўё оҳиста-оҳиста боло меомад ва аз гулў берун шудан мехост. Азиз Тахмин ба фишори дили худ тоб оварда натавониста, нафаси дароз баровард ва баргашта ба пас нигарист, ки чанд мили милтиқ ва чанд тапонча ба сўяш рост шуда бошанд.
Ҳомиди миёнақад ҳоло ҳам ҷома сари китф ба ў менигарист.
Вале Забур бо ҳазор афсўсу пушаймонӣ ба Ҳомид чашм дўхта буд, ки чӣ коре кард, чаро ўро бираҳонд? Чаро раҳми душмани ҷонашро хўрд? Яке ба назараш расид, ки Ҳомид сўяш сар ҷунбонд.
Азиз Тахмин ҳам ба миннатдорӣ ишорае кард ва баъд рў тофта қадам аз остонаи дарвозаи бадхоҳ берун ниҳод. Ҳоло ҳам ваҳму ҳарос дошт; пиндорад, барои ба даст овардани писар ўро раҳо карданд. Ба хона омад. Зуд баргашта кўча баромад; зеро гумон дошт аз пас чашме ҳаст…
Хеле гашт. Касе кордор набуд. Пушти корро хунукшуд пиндошта ба дари коҳдон омад, то писарро огоҳ кунад, ки зинҳор ба зинҳор аз ҷо наҷунбад. Чун бандҳои бедаро титу парешон дид, ҳангаш канд: «Наход ки ўро ёфта бурда бошанд?.. Ўро ёфтаанд, ки маро сар доданд... Худоё худовандо, ин чӣ рўз буд, ки ба сари мо овардӣ?!» Дили ў фишор хўрд. Синаи чапашро дудаста дошта, даҳани дари коҳдон нишаст...

13

Баъди рафтани Азиз Тахмин Ҳомид-қўрбошӣ ба баҳри андеша ғўттавар шуд. Ҳанўз ҳам ба дарвоза нигариста ва симои нотакрори ўро пеши назар меовард.
— Ку йигитҳоят? – ғайри чашмдошти Забур пурсид Ҳомид.
— Йигитҳои боби шумо нестанд. Ҳама одамҳои ман ҳаминҳо, лозим донед, марҳамат...
— Ба ман йигит лозим, йигитҳое, ки мисли Тахмин дилу гурда дошта бошанд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан