Дасташ ҳам такон хўрд, то ба банди дилаш равад, вале ў худдорӣ кард ва дастон ба ҳам соид.
Ҳомид ин ҳолати ўро пай бурда, вале чунон вонамуд кард, ки чизеро дарк накардааст.
— Ҳоло писарат куҷост, Тахмин? – боз пурсид қўрбошӣ.
— Гуфтам-ку, аз пайи ҷустуҷўи нисбаташ рафт...
— Мо аз куштани ту чизе намегирем. Ба мо писарат лозим. Ба шарте, ки худат барин нотарс бошад. Ба ман маъқул, мард бояд ягон чиз дошта бошад, ақаллан дилу гурда.
— Тақсир, ин он қадар нотарс нест, чунон ки шумо мебинед.
Ин сохтакорӣ карда истодааст. Мебинед, ки рўзаш буд шудааст, ин хел рафтор мекунад.
Ҳомид ба суханҳои Забур эътибори ҷиддӣ дода бори дигар саропои Азиз Тахминро аз назар гузаронд; чашм ба гардани дарозу қоқи ў дўхта ҳайрон шуд, ки чаро пўсти бадани ин мард мисли чарм ғафс аст.
— Нее, Забурбек, шумо одамшинос набудаед, – гуфта ба Забур нигарист ва боз ба Азиз Тахмин рў овард: – Агар аз хунат гузарам, писаратро ёфта меорӣ?
— Не,– сар ҷунбонда ҷавоб гардонд Азиз Тахмин.
— Чӣӣ? Не?! Подоши некӣ ҳамин?
— Ту ба ман раҳм накун, ту ба ман некӣ накун, ман эҳтиёҷ надорам.. Ва ман ба ту ваъда ҳам намедиҳам, ки ўро оварда ба ту месупорам. Ў дигар барнагардад.
— Куҷо рафтаст, ки барнагардад? Пеши урусҳо? Пеши кофирҳо, худашро бурда, пеши пои душманони мо партофтааст?! – ваҳшӣ гашта фарёд зад Ҳомид.
— Инашро намедонам, ки куҷо рафтааст, ба ман гуфт, ки аз пайи нисбатам – Шаҳбону меравам...
Ҳомид хандид. Баъд ҷомаи зарбафти аз сари китфаш шоридаро боло кашида, ба Азиз Тахмин рў овард:
— Писарат куҷое, ки рафта бошад, боз ҳамин ҷо меояд... Моли порагӣ аз охур дур намеравад... Лекин туро барои диловариат бубахшам. Бирав!
Азиз Тахмин аз ҷой наҷунбид.
— Бирав, бирав!.. Агар ҳамаи одамони мо мисли ту буданд, ҳоҷати йигит ҷамъ кардан набуд. Он гоҳ худо медонист, ки ман ба деҳаи шумо даромада тавонам... Он вақт ба хоки мо ҳам пои касе намерасид. Ҳоҷати фикр кардан ҳам набуд, ки чӣ хел кофиронро зада пас гардонем. Бирав, мардак, бирав!
— Не, ман намеравам, ман худро зери таънаи ҳар касу нокас мондаиӣ нестам.
Ҳомид то охир ба суханони сахту талхи ин марди якрав тоб оварда, ўро бахшид. Вале ҳоло нописандиашро хуш накард. Ў ба одамонаш ишора кард.





