Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 261 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 261 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Магар шабе, ки ту писари маро зада нонию обӣ карда будӣ, ў гум нашуд? – ба Забур теғ кашида гуфт Азиз Тахмин.– Сандуқи қуфлзадаатро шикаста, ғайб задааст, мегўянд-ку?!
— Дурўғ! – фарёд зад Забур. – Набошад, писари ту куҷост?
— Писари ман... Писари ман... пагоҳ аз хона баромада, «нисбатҷўӣ меравам» гуфта буд.
— Бегам ба ҷои ту писаратро гиранд-чӣ? – гўё ба Ҳомид ақл шуда гуфт ў.
— Ў хизмати беги шуморо ба ҷо оварда натавонад, ҳоло бачча аст.
— Худат хизмат карданӣ ҳастӣ?
Азиз Тахмин ба ў ҷавобе надод. Ларзаи пойҳо монда ва фикри ў хуфта буд.
— Чӣ, хизмат кардан намехоҳӣ? – қасдан пурсид Забур.
— Не, ман хизматамро адо кардам. Дигар ҳоҷати гап не.
— Беҳуда мемурӣ.
— Беҳуда не, шаҳид мешавам... Аз азоби ду дунё озод...
Давраи ростои мардон хомўш буд, касе ҷуръати сухан надошт. Азиз Тахмин лаб мехоид. Забур ҳоло ҳам беқарор буд. Дар андоми Ҳомид ташвиш ва ғазаб маъво гирифта буд. Ў то ин диёр дар ҳама ҷо зафар ёфта, худро ҳоким гирифта ҳукмҳо мекард ва суханаш аз теғаш бурротар буд. Вале дар ин ҷо мулзам шуд. Ў чӣ гуфтан ва чӣ кор карданро намедонист. Чашмаш аз чашми Забур ҳам тангтар шуд, ки аломати интиҳои ғазаби ў буд. Бо вуҷуди он ҳеҷ фармоне дода натавонист.
— Дар ин дунё чӣ азоб дидӣ, Тахмин? – ном не, балки лақаби ўро дар ёд доштааст.
— Азоб не, ҳамин тавр гуфтам. Ин хел не, ки маро касе хор карда бошад, ба сари ман даст бардошта бошад. Не. Азоби ман аз дасти ин хел касон, ки худро сарвари олам гирифта пастиҳо кунанд.– Боз ба Забур теғ кашида гуфт ў.
— Ин тахмин карда истодааст, тақсир. – Забур дигар хел ҷавобе наёфта такрор кард.
— Ҳа, ман тахмин мекунам, вале ту аниқ. Дар тамоми олам овоза шуд, ки ба Ҳомид духтар тортуқ мекунӣ. Ягона роҳи хелосӣ ҳамин мегўӣ, номи касони мўътабарро паст мезанӣ. Боз ман тахмин мекунаму ту яқин, ҳамин тавр, а?.. Худо хоҳад, ба мирӣ расӣ, мири Амондара шавӣ...
— Тақсирам, ин моро масхара дорад...
— Забурбек, шумо аз ин хафа нашавед, ин мард хеле диловар намояд, афсўс, ки пир аст, – фикру хаёл карда гуфт Ҳомид.
— Писараш ҳаст, тақсир, – боз ақл шуд Забур.
Азиз Тахмин баробари шунидани ин гап гўё як теғи оташине дилашро чок карда гузашта бошад, яке сари сина фурў кашид.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан