Азиз Тахмин як бор мижа зад ва боз як зайл истод.
Ҳомид тири пачақшударо аз лаби дастархон гирифта ба Азиз Тахмин дароз кард. Азиз Тахмин ба сўи тир назаре ҳам накард.
Ҳомид боз дасташро дарозтар кард. Ва дид, ки ин марди дарози парзадарў ба ў эътиборе ҳам намедиҳад, қулочкаш тирро ба рўи вай зад. Азиз Тахмин ақаллан мижа таҳ накард..
Ҳомид аз ин рафтор ва пурбардоштии мардак дар ҳайрат монда пурсид:
— Ту кӣ ва чӣ ном дорӣ?.. А, кистӣ?
— Ин кас Азиз Тахмин, – ба ҷои ў ҷавоб гардонд Забур: – Ҳама кораш тахминӣ.
— Ҳо-ҳо!.. Ишон чиро тахмин мекардаанд? – ба сўи ў гардан дароз кард қўрбошӣ.– Ку як тахмин кунанд, ки анҷоми корашон чӣ мешуда бошад?
— Беҳтар...– якбора ҷавоб дод Азиз Тахмин.
Қўрбошӣ як қад парид.
— Беҳтар? Ба ман тир занию боз беҳтар шавад?
— Ҳа, ҳамин тавр.
— Чӣ тавр?
— Аз рўи шунидам, ба ту мардҳои занмиҷоз маъқул нест...
— Боз?
— Боз? Дигар ҳеҷ.
— Магар ин кори мардӣ аст?.. Паси девор пинҳон шуда, ба касе тир задан мардист?
— Ман туро парронданӣ набудам, ана ин... ин пирхуки қинҷирро, – ба Забур ишора кард ў.
— Барои чӣ?
— Аз рўи шунидам, ту ҳомии дини ислом ҳастӣ ва мусулмонободӣ хоҳӣ, вале дўстонат туро ба халқ дигар хел пешкаш карданд.
Ана ин кас, – боз ба Забур нигоҳи бад афканда илова кард ў:
– Ҳамин кас, (кинояомез). Мулло Забурбек нисбати писари маро ба ту тортуқ карданӣ шуданд.
Ҳомид рамуз гирифтанӣ шуда, ба Забур нигарист. Ў мисле ки ба ду кафи пояш мех кўфта бошанд, пойҳояшро бардору мон кардан гирифт. Ҳомид гўё ки чизеро пай набурда бошад, ба Азиз Тахмин рў овард:
— Чӣ хел?
— Ман ҷияни ўро ба писарам нон шикаста будам, вале ў беномусӣ карда духтарро гурезонд.
Ҳомид гўё қозиюлқуззот бошад, онҳоро истинтоқ мекард:
— Ҳамту, Забурбек?
— Не, тақсирам, ўро нагурезондаам, якбора аз хона ғайб зад.
Ба хаёлам, ки писари ў дуздидааст...





