Аз ҳама зиёдтар Забурро парешон дид, ба назараш, ки ў шишта мехест, вале илоҷе надошт, то ба Ҳомид чизе гўяд ва ё ба ў хизмат кунад. Маълум набуд, ки ў чӣ хоҳад; гўш ба фармон, чашм ба даҳони Ҳомид дорад ва чун рўбоҳ дум ликконад: «Биёрам тортуқро?» Забур шишта, хезад. Барои Ҳомид ва ҳамроҳони ў ташвиши Забур маъниеро ифода карда натавонад.
Ҳафизро низ. «Агар ду тир мешуд, якеро барои ин пирхук дареғ намедоштам... Ё беҳтараш, ўро...». Ба хаёл рафт Ҳафиз. Ва пас аз мулоҳизаи зиёд оташзана (чахмоқсанг) аз кисаи халтасурати паҳлўи куртааш баровард, то чахмоқ зада пилтаи камонро оташ диҳад. Вале ба сараш зад, ки чак-чаки ба ҳам бархўрдани санги шарар онҳоро безобита хоҳад кард ва асрор ҳувайдо хоҳад шуд.
Бинобар он Ҳафиз ба кахдон тохта, чахмоқ зада, хасҳоро оташ гиронд ва латтапораи алангагирифтаро аз шамол эҳтиёт карда, то пушти девор овард. Рўи ғўла баромада, он сў нигарист: Ҳомид сар ба пушт майл дода гўё дам мегирифт. Забур диккак менишаст.
Дигарон мехўрданд… Ҳафиз шохи камон қат карда мили он аз сари девор гузаронд ва пилтаашро оташ зад. Сипас нишони онро ба сари синаи Ҳомид рост кард. Ў хаёле ба андешаи дигар рафта, пилтаро кашида партофтанӣ шуд, вале боз ҷаҳл гирифта, дандон ба дандон монда, нафас ба дарун гирифт, то камонро наларзонад. Яке камон оташ гирифт, пеши чашмони ў пур аз дуд шуд…
Анҷоми кор муайян накарда худро ба пас партофт. Азиз Тахмин садои тирро шунида аз хона тозон баромад ва камони дасти писарро дида, ҳуш аз сараш парид. Ва яктоз омада, камон аз дасти ў даррабуда, аз китфаш тела дода гуфт:
— Гумроҳ, зуд рафта таги бедаҳо руст шав!
Ҳафиз пай бурд, ки падар худро ба ҷои ў гузоштанист, саркашӣ кард.
— Тез рав, гумроҳ, ман ошу нонамро хўрдагӣ! – аз дасташ дошта сўи каҳдон кашид.
Одамони Ҳомид аз сари девори тар нагузашта, кўчаро давр гашта омаданд. Зўр мезаданд, то дарвозаро шикаста, дароянд.
Айни ҳол Азиз Тахмин бо таваллою зорӣ писар зери бандҳои беда ҷой карда, камони душоха дар даст аз каҳдон баромад. Одамони Ҳомид тозон омада, камонро аз дасти ў рабуданд ва дастонашро ба пушт қат карда, ба думғозааш зонукунда зада аз дарвоза бароварданд. Аз ў ҳарфе напурсида, бурданд; рост ба болохонаи қозикалон бурданд. Азиз Тахмин қомати баландашро рост дошта, ба қўрбошӣ салом ҳам надода истод.
— Ҳамин? – аз Забур пурсид қўрбошӣ. «Ҳа» – сар ҷунбонд Забур.
Ҳомид баланд хандид ва баданашро афшонд. Тире, ки ҷомаи зарбафти ўро сўрох карда, ба сари синааш гузашта буд, аз зери ҷома ба замин афтад.





