Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 258 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 258 аз 470 · 3 ноябри 2026

Меҳмонхонаи қозикалон рў ба рўи хонаи Азиз Тахмин буд.
Болохона ҳам дошт, ки як тарафи он мисли пешайвон кушода буд. Қозикалон ҳар вақте ки меҳмони қадрдоне пайдо кунад, он ҷо мебаровард: имрўз Ҳомидро он ҷо хонд. Дигарон дар хонаи паст ҷой гирифтанд.
Ҳомид чоруқи пояшро накашида, ба рўи кўрпачаҳои барқади атласу беқасаб ва қуроқӣ нишаст ва ба болиштҳои пари кабк такя зад. Ў чаҳор нафар аз одамони худро хост. Онҳо ҳозир шуданд ва баъд соҳибон дастархон густурда, яке аз он гўсфандонро ба рўи лаълӣ оварда, бар дастархон гузоштанд. Як шикамба равғани зард ва фатири гарм ҳам оварданд. Забур дасту по карданӣ шуда дудамаи ҳамроҳаш гирифтаро аз ғилоф кашид, то гўсфандро пора кунад, вале якбора даст боздошта, аз рўи одоб дунбаро ба Ҳокимбек дароз кард:
— Марҳабо, тақсирам!
— Худатон бинед,– рухсат додагӣ барин гуфт Ҳомид. Забур аввал дунбаи гўсфандро ҷудо кард ва пай бурд, ки дунба хунук шуда, боби хўрдан нест. Худ аз худ кайфаш парид, ки чаро онро бори дигар гарм накарда овардааст. Баъд як сонро канда, пора кард ва даст ба ишора рўи лаълӣ бурд, то меҳмонҳо бигиранд.
Касе аз сари девори ҳамсоя онҳоро зеҳнишин мекард. Ў аввал тоқӣ аз сар гирифт, то касе пай набарадаш. Баъд пешониашро аз сари девор боло карда онҳоро як-як аз назар гузаронд. Пай бурд, ки ин ҷоро хотирҷамъӣ дида дидбон нагузоштаанд ва онеро, ки такя бар болишт дошт, Ҳомид дониста, худро пас кашид. Ба қаҳдон рафт. Аз таги бандҳои беда камони душохаро баровард ва ба тир пур кардан сар кард: ў аз мили танги камон дору андохт, камтар коғаз монда сумма зад ва аз болояш ба қадри нахўд яккатирро ба латтапорае печонда, бо ёрии сумма пушти дору бурд ва дилпур шуда паси девор рафт. Дасту пои ў ба ларза даромад:
гўё ба номи худ ва ё ба номи ў қуръаи марг партофт. Ў худро ба даст гирифта натавонист. Ва яқин кард, ки бо чунин ҳолат тир ба нишон расонда натавонад. Қадаш ҳам пастӣ кард. Аз паҳлўи каҳдон ғўлаи чўби чормағзро ғелонда, зери девор овард ва ба буни он такя гузошта, баромада нигоҳ кард, баъд дароз шуда, камони ба девор такя мондаро ба даст гирифта, он сў нигарист; ба назараш онҳо устухонҳоро сагхой мекарданд. Чун мили камон ба сари девор баробар кард, ларзиши дасту пойҳояш авҷ гирифт, алалхусус, ки рўи кунда ба нўги пой меистод; пойҳо чунон ларзиданд, ки замин ҷунбида бошад. Дилаш ҳам сахт-сахт тапид. Аз рўи ғўла фуромада бехи девор нишаст, то ларзиши тан ва тапиши дил бозмонд. Ў лаҳза ба лаҳза сўи хонаашон менигарист; мабод, ки падар ва ё модараш бинанд. Нафасҳои дароз-дароз кашида пуф кард ва худро ба мубориза омода дониста, аз паси девор рост шуд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан