Ҳомид чакмани сурхчаранг аз тан канда, рўи зини асп андохт ва дар ҷомаи зарбафти сабзтоб марди кушодчеҳрае намуд. Рўи пурраи таранг ва сурхчатобе дошт, ки баъзе чўпонон ва аҳён-аҳён касонро насиб гардад. Гўё то ин рўз ба танаш аслан дарде надарома, ки узве аз аъзои баданаш накоҳида. Чизе, ки аз ҳама пештар ба назар расад, нигоҳи ў буд; нигоҳаш касро кам мекард, мехўрд.
— Марҳабо, марҳабо! – хаёле таъзим карда гуфт Забур. Ба назари Ҳомид-қўрбошӣ чунин расид, ки чашми чапи ў пўшида шуд. Ҳомид ба тамаллуқкориҳои ў эътиборе надода бар болорчаҳои уреби рўи пулак по монда гузашт. Ин ду тан гургу рўбоҳро монанд, ки ҳамдигарро поида, фиреб диҳанд. Вале Забур чун навкари ҷонфидо ба Ҳомид хизмат кардан хоҳад. Ў ҳама чизро фаромўш карда паҳлўи Ҳомидро гирифта буд. Будан ё набудани ҳамроҳони дигар аҳамияте надошт.
— Ба ин тараф марҳабо,– тарафи ростро нишон дод Забур, ки роҳ бар муқобили роҳи хонаи ў мерафт.
Ҳомид як ба пас нигоҳ карда дид, ки ҳамроҳон низ меоянд, хотирҷамъ шуд. На аз одамони дунбол, балки аз хамгашту бунаи деворҳо ва паси сархорҳо парешон шуда, дар пўсташ мўр давид.
Андешаманд оҳиста-оҳиста қадам монд; гўё намехост чоруқи таккагии сурхаш аз боқимондаи борони роҳ нам кашида лакот шавад. Дудила шуд, қадамашро тамоман суст кард ва нимрўя шуда, пурсид:
— Ба куҷо, Забурбек?
— Ба меҳмонхонаи қозикалон, тақсирам...
— Пеш кашед...
— Аз гуноҳам гузаред, тақсир.
— Марҳамат кунед. Шумо соҳибхона ҳастед.
Забур бо узру маънӣ, ду даст пеши бар, андаке пеш гузашта, ба тарафи ҳавлии Замон тоб хўрд ва кад-қади кўча бирафт.
Ҳомид аз паси ў кадам зада тааҷҷуб дошт, ки чаро дар ин деҳа ҷуз онҳое, ки дастаро пешвоз гирифт, касе нанамояд. Дар дигар маҳаллаҳо мардум муқобил баромада, хунрезиҳо карданд; ғолиб наомада, қурбсн шуданд ва аз сад кас яке мегуфт, ки онҳо номуси ёру диёрро ҳимоя карданӣ шуда, қурбон гаштанд. Дар ҷойҳое, ки ғазо кардан нахостанд, кўдакон сари девору харсангҳо омада, гузаштани дастаи Ҳомид-қўрбоширо тамошо карданд. Вале дар ин ҷо акси ҳол буд; гўӣ омадани дастаи Ҳомид ба ягон кас суду зиёне надошт; чун раҳгузар омадааст, боз равад. Ҳомид ҳамин чизро пай бурда, ранҷид, гўё ҷавонмарде пайдо нашуд, ки ақаллан чанд муддат барои ў бозичае шавад. Чунин ҳол ўро хуш наомад.
Ба димоғаш бўи тўфон расида, аз чунин хомўшии хафагир тарсид. Гўё дар паси ин пардаи тунук як катони қатронӣ меистод, ки ҳама гуна зарба ва ҳамларо баргардонида метавонист. Бо вуҷуди он аз паси Забур то меҳмонхонаи қозикалон рафт. Ва дигарон аз қафо.





