Дуртар аз онҳо дар парчи пули деҳа занони зиёде ҷамъ омада буданд; дастак зада он қадар гапҳо мегуфтанд, ки як калима ҳам ҷудо карда гирифта намешуд. Ба қавле, даҳон ба даҳон монда баланд-баланд мегуфтанд, вале шуниданашон гумон буд. Касеро дашном ҳам медоданд, дуо ҳам мекарданд, вале ба гўш намерасид, ки киро мегўянд. Бештар фарёд мезаданд, мушт ба сари зонуҳо пахш карда, ангуштон қирс-қирс медоданд, дуояшон мустаҷоб шавад. Онҳо зиёдтар аз духтарон намуди даҳшатангезе доштанд; бештар ба модари Шаҳбону монанд буданд: сарбанду саргиракҳо ба гардан фаромада ва мўйҳо парешон буд. Либоси тар ба танашон часпида меистод. Онҳо чунон пурғазаб метофтанд, ки чун сайд ба дом афтад, хомохом хўранд. Ба назар Забурро дид карда буданд ва ба ў майли ҳуҷум ҳам доштанд. Вале ба оташи ғазаб об зада, аз шаст гашта, мисли чўчаҳои тарсу, ки ба тори сар давр гаштани чўҷабарак дида бошанд, пароканда шуданд. Онҳо чунон пароканда шуданд, ки дар як они воҳид дар кўча касе намонд.
Дар ҳақиқат дастаи Ҳомид кўрбошӣ аз Хокканак мисли лошахўрон намоён шуда ин паррандаҳои нимҷони хонагиро хўсонда буд. Забур дар парчи пул қарор гирифт ва чашми қинҷир ба уреброҳаи фуромадгоҳи Хокканак дўхт, то кай Ҳомид намоён шавад. Гўӣ дар ин деҳа танҳо ў марди баору номусе буд, ки ба пешвози онҳо баромада, муқобилият нишон диҳад. Дастаи қўрбошӣ аз ҳамин чиз бим карда андар даромадгоҳи Хокканак аспҳоро лаҷом кашид, вале касе ҷониби онҳо нарафт. Саворон ба суханони чанд рўз пеш бофтаи Забур бовар карда, пеш омаданд. Чун ба он тарафи пул расиданд, лаҷом кашида аспҳоро боз доштанд. Забур фармуд, то нону намакро аз пул гузаронда, наздиктар баранд.
Ҳомид марди пастқомат буд, дар тан ҷомаи зарбафт дошт ва аз рўи он чакмани сурхчаранг мепўшид. Дар по чоруқи каиши сурх кашида, ҳама вақт дар рикоб тира карда медошт. Саллаи пишоварӣ ба каллаи пуррааш печопеч буда, ўро андаке солхўрда нишон медод. Аз сармою гармои кўҳистон ранги рўи ў сиёҳ гашта буд. Ва дигарон ҳам ба зайли ў сиёҳ буданд. Ў дар ин деҳа як оромӣ ва амониро ҳис карда, аз асп фуромад, дигарон низ ончунон карданд. Вале одамони Забур он қадар зиёд набуданд, ки ҷилави аспони онҳоро доранд. Қозикалону домуллоимом низ ба ҷилавдории аспҳо рафтанд.
Ҳомид-қўрбошӣ, ки ба кӣ хизмат карданашро касе намедонист ва дар байни халқи авом ҳамчун ғоратгар, вале барои давлатмандону диндорон ҳамчун ҳимоятгари дини ислом овоза пайдо карда буд, инони аспашро ба каси барояш ношинос– домуллоимом дода, қадаме пеш андохт ва лаби нони Забур рўи даст пеш овардаро шикаста ба намаки лаълии рўи дасти Мухтор зада, ба даҳон бурд ва баъд ҳавобаландона бо шамшери ифтихораш аз дунбаи гўсфанд порае бурида, газид. Ва ҳаққи нону намак шуд.





