Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 255 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 255 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Не, амак. Зери санг мурдан беҳ аз зери нанг мондан.– Қурбонбибӣ сар нафароварда, аз паҳлўи асп гузашт.
— Якравӣ накун, духтар!– Неъмат аспашро гардонда пеши роҳи ўро гирифт ва ҳамин лаҳза чашмаш ба ҷияни худ афтида ҳуш аз сараш парид. Ду-се бор зуд-зуд мижа зада, духтарро хубтар шинохт ва асп наздиктар ронд: – Ғўрамарг, ба ту чӣ алам расид.
Духтарак ба ў ҷавоб надод. Неъмат боз шиддат кард:
— А! Чӣ алам расид ба ту?!
— Ҳеҷ… Қатори духтарҳо...
— Ба сари шумо ягон кас равған доғ кард?
— Амак, монед, гапро ғоз надиҳед. Аз роҳамон надоред.
— Роҳатон то куҷо мебарад?– пурсид Мир.
— Пеши Ҷаҳонгир.
Аз чунин гапи духтар Мир ҳушёр гашта, дурусттар ба ў нигарист ва мулоим ба сухан даромад:
— Мо аз он ҷо меоем… дар он ҷо ҳеҷ гап нест… Ҷаҳонгир ба сурхҳо ҳамроҳ шудаст, пагоҳ-фардо расида меоянд... Гардед!
Духтарон суст шуданд. Қурбонбибӣ аз онҳо дуртар рафт.
— Гард, о духтар, гард! – Мир ўро боздоштанӣ шуда наздаш омад.
— Амак, барои ман ду дунё фарқ надорад: рафтану истоданам баробар. Кабк то дар қафас мурдана дар адир мурад, беҳтар.
— Эээ, маҳмаддоно будӣ-ку! Ҷавонони деҳа намурдаанд, ки шумо хор шавед! – аз асп пиёда шуда пурхашм гуфт Мир, вале Қурбонбибӣ ба гапи онҳо гўш накард. Дигарон аз роҳашон гашта ба гапи саворон даромаданд, Қурбонбибӣ, якравӣ ва шахсарӣ карда ба пасаш нигоҳ накарда рафт...

12

Барфи имсоларо борон об кард. Гўӣ ҳама барфу боронро ба зарфи азиме андохта бухор карданд ва бухор ва сақфи гунбади мину бархўрда, қатраҳо шуда аз нав рехт. Дилгиру тўлонӣ рехт. Одамон дилгазон шуда «таги ҳаво ғалтидааст» шикоят ҳам карданд. Вале Мухтор дар чунин борони қиёмат ҳам аз теппайи Мурғак нафуромада дидбонӣ кард ва оқибат хабари «хуш» овард; ба Забур хабар дод: «Ҳомид меояд!»
Забур фармуд, то лаълиҳоро бардоранд. Лаъливу дастархон бардошта, бурданд. Зани Забур – Меҳринисо аз паси онҳо баромад.
Чашмаш ба қатраборони нардҳои дарахтон афтид, ки чун ашки сари мижгон қатор шуда буданд. Хаёлашро қатраҳои зиёд бурданд, вале ғавғои зиёди кўча ва доду фарёди занони кўча хотири ўро парешон кард. Ў тохта кўча баромад ва дид, ки шавҳарашу одамоне, ки ҳампои ў лаълию нонҳоро бардошта мерафтанд, дар миёни роҳи санглох бозистоданд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан