Ҳанўз офтоб теғ накашида, маълум шуд, ки имшаб духтарон аз деҳа ғайб задаанд.Чунин ҳангомаро духтароне фош карданд, ки аз падару модар ва хешу табор тарсида ба гумгаштагон ҳамроҳ нашуданд.
Духтарон барои чунин кирдор ду шаборўз тайёрӣ дида, субҳи козиб дар таги Ғор чамъ омада, так-таки адир ба ҷонибе, ки чанд бор Миру ёру ҷўраҳояш рафта буданд, раҳсипор шуданд; дар ин муддат онҳо хеле кўшиш карданд, ки Норинисоро ҳамроҳ гиранд, натавонистанд…Чанд бор Қурбонбибӣ азм кард, ки даромада ба ў қасди духтаронро фаҳмонад, нашуд; Забур аз назди айвон дур намешуд, гўё аз бенишон рафтани Шаҳбону сабақ гирифта Норинисоро бонӣ мекард. Дер шуд, духтарон ба азми гурез роҳ пеш гирифтанд. Онҳо гоҳ давида, гоҳе якканафас шуда мерафтанд ва гоҳе ба ҳамдигар даст дода бо мадади якдигар қадам мезаданд, ки то фаро расидани рўз худро ба ягон паноҳие гиранд...
Чун пардаи сиёҳи сўи машриқ чок шуда, аз паси он як пардаи ҳарири нимранге падид омад, духтарон ба ғори Амбар наздик шуданд. Ва якбора, гўӣ офате расида бошад, ҷобаҷо шах шуданд. Дастаи савороне, ки рў ба рў омад, мисли аҷал намуд.
Паноҳгоҳе набуд. Чун пешсафи саворон ба онҳо наздик шуд, чун селаи мурғони ба сўяш калтак андохта қию чукунон ба ҳар сў пароканда шуданд.
— Куҷо мегурезед, духтарон? Чаро гурезед, духтарон?– овоз дод савори пеш. Духтарон нашинохтанд, ки ў кист ва ў надонист, ки ин духтарони рўпўш кистанд.
— Ин ҷо чӣ кор мекунед? Аз кӣ мегурезед?– боз овоз дод ҷирансавор.
— «Мир, амаки Мир» – пичиррос зад духтари қоматбаланд.
Аз гапи ў духтарон бозистоданд. Ў пештар омада «Амак, ин – мо»
гуфта худро ба савор шиносонд.
— Қурбонбибӣ?.. Куҷо меравед шумо? А, ба куҷо?
— Худамон намедонем, амак.
— Чӣ хел?
— Мо Шаҳбонуро меҷўем, амак,– нафаре аз байни духтарон рўймол яклаба карда ҷавоб гардонд.
— Шаҳбонуро шумо ёфта наметавонед. Гардед ба деҳа.
— Не, амак. Мо то наёбем, барнамегардем.
— Қайсарӣ накунед, гардед!– боз сахттар гуфт Мир ва ба ҳамроҳонаш ишора кард, ки духтаронро аз роҳашон боздошта, ба тарафи деҳа баргардонанд.
Саворон чунон ки маҳбусонро аз ҷое ба ҷое баранд, духтаронро пешандоз карданд.





