Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 253 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 253 аз 470 · 3 ноябри 2026

Забур ноором шуд. Ў гирифтори хушомадкориҳои хештан ҳолати деҳаро намедонист. Оворагиҳои мардум, гурезогурези онҳоро пай намебурд. Шаҳбонуро ҳам фаромўш кард. Масъалаи «тортуқ» ҳам аз сари ў рафта буд, танҳо бо ҳамин се гўсфанди даруни дегҳо Ҳомидро ба даст гирифтан мехост, вале касе пай набурда буд, ки ин қадар усулу нағмаи вай аз барои чист. Шояд ў дар ин деҳа усули нави меҳмондориву меҳмоннавозиро ташкил кардан хоҳад; шояд бо ёрии Ҳомид худро мири Амондара хонда, водии Зарафшонро (ақаллан аз Дупула то Панҷакат) қаламрави худ гардонад. Одам чӣ тавону неруе дорад! Ў ҳозир аст барои фарзанди худ ҷон нисор кунад, қасрҳо созад, вале ҳолатҳое шавад, ки фарзандашро хомохом хўрдан хоҳад. Баъзан барои нафси ҳаром ё барои як фикри тира тамоми нозу неъмати дунё ва зебоиву ширинии ҳаётро қурбон кунад; Забури худдонаму якрав дар бозорн зиндагӣ гулфурўшӣ карданӣ шуда, гулистон сўзад; як гули зеборо пажмурда кард ва инак гули дигарро ба харидор пешкаш карданист. Аз ин нияти ў касе хабардор нест, фақат вақте ки Забур ба занаш фармуд, ба Норинисо гўяд, ки сару танашро шўяд, дили ў раг зада ва ноилоҷ монда, ба духтараш фаҳмонд. Норинисо ба ин гап чандон аҳамияте надода «хайр, қатори Шаҳбону» гуфту монд. Сарашро шуст, бо модараш хандида-хандида гуфту шунид ва чунон худро бепарво гирифт, ки олам гулистон бошад.
Ба падар низ ҳарфи ноҷо нагуфт. Забур ҳам ўро мисли Шаҳбону дар сандуқ ҷой накард,. Бовар дошт, ки Норинисо падар шарманда накунад. Духтар аз дари хона дур намерафт...
Забур то даме, ки чашмаш медид, ба теппайи Муғак нигоҳ карда, аз Мухтор даракеро интизор шуд. Чун Мухтор дар чашмаш хира намуда, рўи деҳа, дашт ва болои Зарафшонро як пардаи хокистарӣ фаро гирифт, умед аз омади Ҳомид канд. Лаълиҳои гўштро бардошта, базўр-базўр роҳ рафта, ба хона даровард. Ва хуфтан «қазохонӣ» кард. Гоҳи намоз аз дилу сари ў чӣ андешаҳо гузашт, худо донаду ў.

11

Саҳари дигар деҳа мотамсаро гашт; тақрибан аз ҳар ҳавлӣ
фарёд мебаромад. Одамоне, ки аз ин сирр огоҳ буданд, барои чӣ
доду фарёд кардани якдигарро медонистанд; касоне, ки дар адирҳо шабро рўз карда, дар хонадонашон мусибате рух назадааст,
дар ин саҳари солеҳон нолаю шевани мардумро шунида, гумон
доранд, ки одамони Ҳомид ба деҳа шабохун заданд. Дар кўчаю
тангкўчаҳо мардум даву тоз доштанд, ба ҳавлиҳои якдигар пуршаст
даромада чизеро пурсида ва ҷавоби дуруст нагирифта, бо ҳамон суръат баромада, ба ҳавлии дигар мегузаштанд; оғилу коҳдон хабар гирифта, дудаста ба сар зада, боз дар даву тоз мешуданд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан