— Рав, ба таги деги ошхона оташ гирон! – хитоб кард Забур ва худ низ сўи хона рафт.
Дар ҳавои баҳор ҳаври дегҳо чандон боло намерафт, саҳле аз дег боло шуда ба ҳаво медаромехт. Садои ҷўшидани се дег мисли садои борони пушти бом буд. Як гўсфанд ба паҳлўи рост, дигаре ба чап ва сеюмӣ чаҳор дасту по боло ва даруни шиками чокаш пур-пури оби ҷўш андар дегҳои қатор мехобиданд. Аз дунбаҳои сафеди яхосояшон сим-сим равған таровида, рўи об мебаромад.
Дар танўрхонаи паҳлўи айвон занаке ду гўшаи рўймоли бари рўй зери дандонҳо кашида, ба танўр нон часпонида, меканд. Гўӣ рухсораҳои аз тафси танўр лолагун гаштаро аз мардон паноҳ медошт. Ва гоҳ-гоҳ барои паст кардани ҳарорати танўр бошад, ки ба нонҳои сурхшуда панҷа-панҷа об мезад. Аз назди танўр сабад-сабад нон мебурданд. Аз куҷое занҳо ва баччаҳо дар лаганду сабадҳо нон меоварданд. Ҳавлии Забур тўйхонаро мемонд.
Вале касони сарупо чандон зиёд набуданд. Гўё Забур наздиконро ба маслиҳатошӣ хабар карда буд. Палоси рўи ҳавлӣ ҳам барои давраи тўй тангӣ мекард. Як шоли алои сиёҳ-сафед ва ба болояш ду пўстаки сиёҳи барқад густурда буданд. Забур дастархони барқади қуроқиро аз шохи тут гирифта, байни ду пўстак андохт ва рафта, аз сари танўр як даста нони гарм оварда, ҷо-ҷо гузошт. Сипас Муллоимом калўшашро як ваҷаб дур аз палос кашида, гузашта рўи пўстак нишаст ва дигаронро ҳам даъват кард, то нишинанд.
Вале ба ин тўй ва ё худоӣ хабарчӣ осўхтаи дарозро гирифта, кўча ба кўча гашта ҷор наандохт; «Ҳў ба хонаи фалонӣ, ба худоӣ ё тўй» нагуфт. Балки ҳама ҷим ва хомўш. Гўё аз ҷонибе вазидани бодеро нигарон буданд. Забур бедастёр монда буд ва ҳама корро худ мекард: нону чой овард ва инак дар чанд табақи чўб ҷурғот ҳам овард, рўи дастархон гузошт ва хоҳиш кард, ки аз неъмати нави баҳорӣ марҳамат кунанд. Ў имрўз хеле сахӣ менамуд. Дар тамоми олам кушоддастии худро маълум карданист.
Гўсфандҳоро ба се лаълии мудаввари калон озод гирифтанд, ки ягон ҷояш беҷо нашавад ва баъде ки каме хунук шуд, ба косаҳо оби шўрбо кашида оварданд.
Забур ҳар гоҳ ҷониби Хокканак менигарист. Чизеро чашмдор буд. Оҳиста-оҳиста бетоқат шуд; рўи боғ гашт, ба хона даромад, ба дастаҳои нон нигарист, алағда шуда, ба занҳо ҳар гуна фармонҳо дод, ба ҳар чиз айбе ва ё баҳонае бароварда, ғаш кард ва боз берун омада, роҳи Хокканакро аз назар гузаронд. Тоқат накарда Мухторро фармуд, ки то сари Хокканак рафта, хабар гирад, ки ягон дараке ҳаст ё на. Мухтор як калтаки дарозро гирифта ба роҳ даромад. Ў аз Намозгаҳ гузашта, теппайи Гулбуттаро қадам зада, то баландии теппайи Муғак, ки аз он ҷо тамоми дашти Ёрӣ менамуд, баромад ва дастон лапару дурбин карда, хеле нигарист ва баъд сиёҳие ё савореро надид, ки ба ҷониби боғи Забур бо аломати «не» даст гардонд ва боз нишаста дидбониашро давом дод.





