Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 251 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 251 аз 470 · 3 ноябри 2026

Маҳбоную Мурод бозгашти ўро нигарон буданд.

10

Касоне, ки аз камару кўҳҳо хотирҷамъ шуда, баргашта буданд, имрўз боз рахти сафар бастанд. Боз гап-гапи «Ҳомидомад» деҳаро фаро гирифт. Дар ин миён Забур чанд рўз гум шуд. Касе намедонист, ки ў куҷо рафтаст. Ҳар кас ба таври худ тахмин мекард:
аксар мегуфтанд, ки ў аз пайи гумҷўии хоҳарзода афтидааст. Вале имрўз пайдо гашта, ба тараддуди зиёде афтид: одам монда, аз мол чанд гўсфанд овард ва худи ҳамон рўз пўсти онҳоро канд.
Бисёриҳо гумон карданд, ки ба арвоҳи Шаҳбонуи бедаракгашта худоӣ медиҳад. Вале ў ба маслиҳати ин кор хешу табор ва ҳатто Маҳбоную Муродро хабар накарда буд. Дар пушти сангдевори боғаш се деги сепудӣ шинонд ва гўсфандҳои аз пўст фаромадаро намаки ғурўша зада, ба дегҳо андохтанд.
Имрўз дар хонаи ў Муллоимом, эшон ва чанд нафари дигар, ба қавли худашон, «сарони деҳ» ҷамъ омада буданд. Онҳо гирди дегҳо гашта, як-як ба зери бодоми муғҷабаста, ки ҳамин шабу рўз мисли чаман бояд бишкуфад, рафта баъзе муғҷаҳоро канда ва кафонда, хабар мегирифтанд, ки хунук гузарондааст ё на ва боз бўи иштиҳоовари шўрборо шунида, сари дег меомаданд.
— Дилу ҷигар чӣ шуд, Забурбек? – бо иштиҳои қозгир пурсид Муллоимом ва саллаи пишовариашро бо ду даст андаке ковок карда монд, ки ба каллаи калонаш ҳавои тозаи баҳор расад.
— Сўфӣ донанд, – ходими сари дегро нишон дода гуфт Забур.
Муллоимом ба Сўфӣ нигоҳ кард, ў тафсида рафт. Маълум набуд, ки аз гармии ҳавои баҳор, аз оташи дегдон ва ё дар ҳақиқат, аз нигоҳи Муллоимом тафсид. Ҷомаи рўро кашида, чорқат карда ба зераш гузошт ва нишаст.
— Шишта мондед, Сўфӣ? – пурсид нафаре.
— Дегҳо холӣ шаванд.
— Онгоҳ дер намешуда бошад? – боз пурсид он нафар, ки дасту дилаш он қадар ба ин корҳо намерафт.
— Чӣӣӣ?!! – чашмон шоҳкоса гашта пурсид домулло.– Чӣ гуфтӣ?
— Тақсир, ман гуфтанӣ будам, ки он гоҳ мо аз гўшт сер мешавем ва...
— Ҳўў, нобакоре, хаёл карда – хаёл карда гап мебарорӣ, а?
— Тақсир...

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан