Занак ба ў нигоҳ карда, овоз набароварда, ба маънии салом даст ба сари сина бурд ва хаёле таъзим карда, сар ҷунбонд.
— Биёед, холаҷон, дароед,– шоридаҳои хамири дасташро эҳтиёт карда гуфт ў. – Ба хонаи калон гузаред, ман хамирро печонам, меоям, – гуфта ўро бурда ва ба рўи кўрпача ишораи нишастан карда, худ ба ошхона баргаштанӣ шуд.
— Ту аз пайи корат шав, мо гапзанон карда мешинем, – садо баровард Мир.
— Хуш омадед! – гуфта ҷавонзан ба ошхона баргашт. Мурод ҳам аз паси Мир даромада нишаст. Дасту по, манаҳ ва ҳатто мўйҳои занак меларзид.
— Мирмаҳмад, бигўй, ки ту ин найрангҳоро мефаҳмӣ, додарам?
– аз мақсад гап сар кард Маҳбону.
— Ҳеҷ чиз намефаҳмам, апа. Забурро шумо аз ман хубтар медонед...
— Ўро касе намефаҳмад. Худораҳматии додом то мурданашон мегуфтанд, ки аз ў одамгарӣ намебарояд... Худатон дида истодаед.
— Хафа нашавед, Шаҳбону ёфт мешавад. – Гапро дигар қарданӣ шуда бархост соҳибхона ва барои дастархон овардан ба ошхона гузашт. Зан тайёр набудани нонро фаҳмонд, ки Мир сир бой надода баргашта нишаст. Ва якбора худро ноҳинҷор ҳис кард.
Ба дару деворҳои хона чашм давонда, гўё ки бори аввал медида бошад, дар тааҷҷуб афтод. Баъд аз мулоҳизаҳо ба худ омада, аз фикр гузаронд, ки чаро ин ҷо нишастааст; ҷўраҳояш ўро интизор мешаванд ва онҳо бояд нақшаҳои ояндаи кору бори худро кашанд, то чӣ бояд бикунад. Ў дергоҳ бе ҳарфу сухан хонаро аз назар гузаронд, тамоми чизҳоро аз назар гузаронд: шоли рўи хонааш, ки аз зери гўшаҳояш пахоли шолӣ баромада меистод, тахмонҳои камбизоаташ, таксандуқаҳои чўбии даҳонвоз, сўзаниҳои нимдошти тахмонҳо, сандалипўши қуроқии рўи сандалиро як-як монанди бегонагон зеҳнишин кард ва оқибат ба чароғи снёҳи токча, ки дудаш бар девор нақши сиёҳи ногуворе гузошта ва сақфи токчаро ҳам мисли шабҳои тира қатронӣ ва хеле дилгир гардонда буд, назар дўхт ва ба чӣ хаёле рафт, ки дергоҳ хомўшу нигарон истод. Шояд ў дар бораи маслиҳатҳои рафиқонаш ва ё оқибатҳои он андеша дошт? Шояд... ба ҳар ҳол дигаргуна гашта буд: андешаманд ва аз ҳад зиёд побанди хаёл. Ин чизро меҳмонон ҳам пай бурда буданд, ки:
— Мирмаҳмад, мо акнун равем, – гуфта занак хаёли ўро парешон кард.
— Не, шумо шишта истед, келин нонро пазад, гапзанон карда шинетон, ман кор дорам.
Мир «ё пирам» гуфта бархост, ба ошхона даромада, ба зан чизе гуфт ва баргашта ба саисхона рафт. Лаҷоми ба рўи ёли асп хобидаро бардошта, аспро этак карда, аз саисхона баромада пой ба рикоб гузошт ва бо як ҳаллос задан худро пушти зин гирифт ва инони онро сўи дарвоза гардонда, баромад...





