Мурод ба ин аҳвол тоқат наоварда фарёд зад ва калтакеро аз саҳни ҳавлӣ ёфта батоз омада бар тахтапушти Забур фаровард ва пас гашт. Забур гумон кард, ки ягон кас ба ҳимояи онҳо омада ба тахтапушташ чўб зад. Ў зуд баргашта Муродро дид ва наъра зада сўи ў давид:
— Кўрнамаки лаънатӣ, ин чӣ гухўрӣ?!
Мурод барои ҳимояи худ ақиб рафта, калтак шамшервор ба ў меронд.
— Парто, лаънатӣ, парто! Дорам, аз сад ҷон як ҷонат халос намехўрад!
Мурод дид, ки ў хеле пурғазаб таҳдид дорад, пас-пас рафта, якбора рўй гардонда гурехт. Забур аввал аз паси ў тохт ва дид, ки расонда наметавонад, хам шуда, аз санглох санг гирифта, аз пасаш андохт.
— Ҷавонмарг, ба дастам афтӣ... Хайр...– риши кўтоҳ қабза карда аз пас садо дод ў.
Мурод қадди санглохро рост шуда, боло гурехт, то ба ягон тангкўча хам хўрда аз чашми тағо дур шавад.
Модари Мурод ҳаври ҷон, ба дарди худ нигоҳ накарда, жўлидамўй аз паси писар баромад, то додари нобакор ягон кор накунад.
Дид, ки Забур дар мобайни санглох аз паси Мурод даст афшонда, дашном медиҳад ва дуои бад мекунад. Занак ҳам ба он тараф рафт ва ба додар наздик нашуда, Забур дудаста шикам дошта, сари зону нишаст. Занак ба ў эътиборе надод; «ҷазояшро бинад» гуфта аз назди ў гузашта, писар дунбола гирифт. Вале надид, ки писар ба кадом тангкўча хам хўрд. Ба ҳар ҳол гузаро шуда рафт. Забур ҳам гузаштани ўро дид, вале худро надида ангошта, ҳарфе нагуфт ва аз ҷой наҷунбид. Ва хоҳар боре ҳам ба пасаш нигоҳ накард. Ў дар парчи пули деҳа, ки гўё чорсўи зиндагии мардум бошад, қарор гирифт ва ба ҳар тараф нигарист. Муродро надид, тахмин карда сўи хонаи Мир раҳсипор шуд. Дарвозаи ҳавлии онҳоро накўфта, ҳамчунон ки хонаи худ бошад, даромад. Ва Муродро дар байни ҳавлии онҳо дид, ки дар назди Мир истода, сар андохта, чизе мегуфт ва гиря мекард.
Мир даромадани занакро дида, писар аз сухан боздошта ва қадам монда, сўи ў омад...
— Гўрсўхта шуморо азоб дод? – пурсид Мир.
Чунин пурсидани ў бадтар аз лату заданҳои Забур расид. Чӣ ҷавоб доданро надониста ба ў нигарон истод; мардро чунон расид, ки занак васвос шуда, чӣ гуфтану чӣ кор карданро надонад.
— Шумо хаста шудед, ба хона дароед. Очаи Камол! – занашро ҷеғ зад ў. – Берун баро!
Занак дастони хамиролуд мушт карда аз дари ошхона нигарист.
— Биёед, хола, дароед, – даъват кард ҷавонзан.





