Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 248 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 248 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ҳамин тавр фикр мекунӣ, ҳамин тавр ба ту фаҳмондаанд, а? Ҳе, худо аз фарқи сарат занад!
— Худо аз ин зиёд боз чӣ хел занад?... Худо-ку маро зад, лекин ҳушёр бош, то туро назанад... Он вақт ҳам ман месўзам, дигар ҳеҷ кас парво надорад... Лекин... лекин чаро? Намефаҳмам. Ҳама чиз барои ту аҳамият надорад... Ту Шаҳбонуро гум накардаӣ, ту маро гум накардаӣ, ту дигар чизро гум кардӣ... ман туро нағз медонам... Як қабил одамон ҳастанд, бемақсад кор намекунанд; пой дароз кунанд, донанд, ки ба куҷо расад. Додарам, ту ба онҳо бисёр монанд.
— Бас кун, гуфтам-ку! – ба тарафи ў ҳамлавар шуда, фарёд зад Забур.
— Ман дигар бас намекунам; баъд аз ин фарқе надорад; чизе бой намедиҳам. Ман назди марди ношинос дод намезанам, туро хуб шиносам. Ту додари ман, ҷону ҷигарам. Аз хуни Миралӣ...
Лекин ў хуни ҳаром надошт.
— Рост мегўӣ... Модаҳои берўй ҳам надошт...
— Туро ҳам ёру ошно гуфта, ба шаҳрҳои бегона диҳанд, ба сарат хўрӣ, шабу рўз дар бораи қадри худ ва ёру дўстон фикр кунӣ, аз модаҳо ҳам берўтар мешавӣ. Афсўс, ки дар таги айвонат шишта, корҳое кардӣ, ки модасаг накардаст...
Забур тоқат карда натавонист. Гап заданӣ шуд, манаҳаш ларзид ва дандонҳо ба ҳам бархўрда садо бароварданд. Баъд худро пеш андохта, аз миллаи хоҳар гирифт, ба даст печида кашид ва ба фарқи сари ў як мушт зад:
— Ту дидӣ, ки ман духтаратро куштам? Ё дидӣ, ки ба ягон кас бароварда додам? А? А? – зарбаҳои мушташро дареғ намедошт ў.
— Ин беҳтар буд... Агар ин хел мекардӣ, ба ягон кас бароварда медодӣ, хубтар буд. Вале ин хел нашуд... Ин хел на... ааа!! – ба дарди бехи мўйҳо тоқат наовард, фарёд зад ва худро ба замин партофт. Бехи торҳои мўяш он қадар дард карданд, ки гардан ёзонда хестанӣ шуд.
— Ту маро кӣ гумон кардӣ? Ман ба ту ягон гўсолаи ҳароммурда? Қадру қимат надорам? А? А? Нее, ман ҳоло қадру қиматамро гум накардаам. Ҳар коре, ки кардан хоҳам, метавонам. Ту аз кӣ ибрат гирифта, бо ман ин хел гап мезанӣ? Ба Мир ёр шуда, хонааш рафтӣ, ёфта дод? Гирифтӣ? Ҳааа, зан нашуда, хазон шав!... Фикр накардӣ, ки ту ҳам пушту паноҳ дорӣ, дар тани онҳо ҳам хуни гарм ҳаст, онҳо ору номус доранд...
Занак ба ҷои ҷавоб сар ҷунбондан хост, вале натавонист. Забур ҳоло ҳам мўи ўро сар намедод.
— Худоноумед, сар деҳ, – базўр овоз баровард ў.
Забур дид, ки алами аппааш кам намешавад, ўро тела дода, ба замин пахш кард ва бо нўки пой ба дамгаҳаш зад, то дамаш гашта дигар нафасе набарорад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан