Нориннсо бори дигар ба амма нигариста дид, ки ў чун гурбаи ба хашм омада, ки думашро пахш карда бошанд, дандон гиз ва панҷа сайдгир карда ҷониби ў майл овард.
— Аммаамро дор, оча! – аз модараш хоҳиш кард Норинисо.
Ин суханро падар шунида, пурхашм сўи ў нигарист ва лаб ҷунбонд, ки касе чизе нафаҳмид.
Мурод ҳоло ҳам мисли ятимони фармонбардор берун аз марзаи айвон истода меларзид. Шояд ларзаи бадани ў аз он рўзи нобарор боқӣ монда бошад, ё аз он, ки Забур зарбаҳои ноинсофонаи худро ба дигарон низ раво дорад. Қадаме пеш ҷаҳид ў ва модарро боздошт.
— Мон, сар деҳ, то ин махлуқ чӣ номаъқулӣ бикунад? Сар деҳ!
Мурод аз чунин сиёсати мардак тарсида ақиб гашт ва модар ба ҳоли худ гузошт.
— Мурод, ўро дор! – хитоб кард духтар ва бо мадори модар ба хона даромад.
— Бузбозӣ накун, ба хона даро! – ба хоҳар фармуд Забур.
— Не, аввал гўй, ки чаро ин хел кардӣ? Ту ким-чӣ мехостӣ, а?
Барои чунин ният ўро қурбон кардан хостӣ, а? Додариро ба ҷо овардӣ... Ман ба ту бовар кардам. Чашми худам донистам. Аз шакари падарандар заҳри тағо беҳ, гуфтам...
— Бас кун! Кӣ ин чизро мехост? Магар ман ин ҷо будаму ўро надоштам?
— Маро аз ёру дўстон дур карданат бас набуд, ки боз ба ин кори паст даст задӣ? Ман то ҳозир гумон мекардам, ки додари ман базаҳраю баномус аст...
— Бас!!! Бас кун, берўзӣ!
— Ту маро берўзӣ кардӣ, ту маро дар ба дар кардӣ! Акнун таъна мезанӣ? Магар давлати Миралӣ моро басанда набуд? Магар аз як лаби замини ў ман баччаҳоямро хўронда наметавонистам?
Ё ин корро барои он кардӣ, ки ба ту зиёдтар расад?...
— Ту девона шудаӣ!
— Ҳа, хоҳари Забурбеки овозадор девона шудааст, ў зери бори ору номус мондааст. Орияташ ба ту нарасад. Акнун туро ҳама шиносанд. Агар пеш нашинохта буданд, инак шиносанд, ки шумо кӣ ҳастед!
— Бас кун, ҳаром! Орияташ ба ман нарасида, ба кӣ мерасид?
Ба ту, ба он Бихалифа?! Дар куҷо дидӣ, ки орияти ягон кор ба зан расида бошад?
— Шумо барин мардҳо истода орияташ ба мо расад?
— Бас кун, модиён! Нафаҳмидаву надониста, ин қадар ба ман чӣ мечаспӣ? Духтари туро ман куштам? Ягон кас дидааст?... Дили ту сўзаду дили ман не, а?





