— Дилсўзи амма, ҷонаки амма... Ту... ту рафтани апаат Шаҳбонуро надидӣ?
Духтар ба ҷои ҷавоб боз худро ба банди дили амма сахттар пахш кард. Занак ҳис кард, ки ҳаяҷони духтар зиёд ва нафаскашиаш тез шуд.
— А, ҷонаки ман, надидӣ? – чизеро ҳис кардагӣ барин боз пурсид амма.
Норинисо дар сақфи синаи амма сар ба ду тараф ғел гардондан гирифт: «Не».
— Ҳаа, намедонӣ, хабар надорӣ?
Духтарак боз сар ғел гардонд. Ва боз худро ба ў ҷафстар кард.
Духтарак ҳанўз ба амма чизе нагуфта, падар омад.
Духтарак нахест. Амма ба ҳайкали пурраи бародар нигариста, сар ҷунбонд: «Не, наход ту ҳамин корро карда бошӣ? Не, ин хел шуданаш мумкин не». Забур ба хоҳар нигарист, вале чизе нагуфт ва худро сарбаланду бегуноҳ гирифта ба хона даромаданӣ шуд.
— Забурбек, – «додар» гуфтанро фаромўш карда ва худро бегона гирифта, ба гап даромад хоҳар. Ва Забур қадам боздошта, ба ў гўш дод. Аз оҳанги нарми апа як марҳамат ва сухани хушеро интизор шуд.
— Забурбек, баччаҳо хафа нашаванд гуфта, рафта оварданат барои ҳамин буд? – духтарро каме аз худ дур карда, қоматашро бардошта ва ба по шуда гуфт ў. Вале Забур ба вай ҷавобе надод.
— Барои ҳамин овардӣ, ки духтару модар рўи гарми якдигарро набинанд? А, барои ҳамин?... Чаро гап намезанӣ? Чаро намегўӣ, ки ба ў чӣ шуд? Чаро?...
Забур ба саволҳои ў ҷавобе надод.
Чашмони хоҳар аз хонааш ҷаст ва ў дам кард. То дил накафад, замину замонро ба ларза овард: «Чаро…о…о…ооо?!!»
Норинисо чашм аз падар намеканд. Пай бурд, ки падар хито шуд. Аз эҳтимол дур нест, ки Забур ба аммааш дарафтида, ўро сахт лат диҳад. Вай ҳаросид. Пушти даст ба даҳон бурда газидан гирифт. Ва чунон хунаш ҷўшида, тори асаб таранг шуда буд, ки ба як ҳаракати падар тоқат наоварда, фарёд заданаш аз эҳтимол дур набуд. Пушти дасти ў қариб хуншор шуд. Ҳоло ҳам падар гарданшахӣ карда, хомўш меистод. Гуфта наметавонист, ки кор чунин ранг гирифт, ў беилоҷ монд; агар тавонад, ўро бубахшад. Ба ҷои ин гапҳо забон мехоид; хашму ғазаб фурў нишондан мехост.
Ва дар тўли воқеаҳо зан бетараф буд. Шояд ў дар дил гапи зиёде дошт, гуфта наметавонист. Зеро аз шавҳар қадди аҷал метарсид; намеёрист дар бораи воқеаҳои рўз пурсад. Ў хашмӣ шудани шавҳар ва асабӣ гаштани духтарро дида, назди Норинисо омад ва аз китфи ў дошта «ба хона даро» гуфт.





